ОЛАМИ МАҶОЗӢПойгоҳи Internet Archive барои ҳимояти Исроил ҳамлаи ҳакерӣ шуд

Пойгоҳи Internet Archive барои ҳимояти Исроил ҳамлаи ҳакерӣ шуд

-

Маълумоти корбарон дар натиҷаи як ҳамлаи бардавом, ки бойгонӣ ва хадамоти Wayback Machine-ро зарар расондааст, осеб диданд. Ба корбароне, ки барои дастрасӣ ба захираҳои густурдаи он ворид шудаанд, ба таври қатъӣ тавсия дода мешавад, ки рамзҳои худро фавран иваз кунанд. Дар ин бора хабаргузории Gizmodo хабар додааст.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи ҳакерҳоиSN_BLACKMETA бар ӯҳда гирифт ва ангезаи ҳамларо ҳимояти давлати Амрико аз Исроил гуфтаанд.

Internet Archive як пойгоҳи китобхонаи рақамии ғайритиҷоратии амрикоӣ аст, ки соли 1996 аз ҷониби Брюстер Кейл таъсис ёфтааст. Он дастрасии ройгон ба маҷмӯаҳои маводҳои рақамӣ, аз ҷумла вебсайтҳо, барномаҳои нармафзор, мусиқӣ, аудиовизуалӣ ва маводи чопиро фароҳам меорад. Бойгонӣ инчунин тарафдори интернети озод ва боз мебошад. То 5 сентябри соли 2024, бойгонии интернетӣ беш аз 42,1 миллион маводи чопиро дар бар гирифта, беш аз 866 миллиард саҳифаи интернетӣ дар Wayback Machine нигоҳ дошта шудааст. Лоиҳа рисолати худро таъмини “дастрасии универсалӣ ба ҳама донишҳо” мешуморад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад