МУВАФФАҚИЯТАввалин ҳарфҳои Асал (Honey) бо англисӣ буд, вале касе...

Аввалин ҳарфҳои Асал (Honey) бо англисӣ буд, вале касе ӯро дарк намекард

-

Асал (Honey) бо модар ва писари тағояш

Каломи аввалини Асал Холмуминоваи 8-сола бо забони англисӣ будааст. Бинобар ин, дар аввал модару бибияш фикр кардаанд, ки нуқсонӣ нутқ дорад. Ба нақли модараш касе аз хонаводаи падар ё модари Асал донандаи забони англисӣ нест. Вале ин ҳолат боиси изтиробу тарси модар ва дигар узви хонавода шудааст.
Асал дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ мекунад.
Умеда Маҳмадқулова, модари Асал муаллимаи забони русӣ буда, дар МТМУ №14-и ин ноҳия кор мекунад. Ӯ мегӯяд, Асал ягона фарзандаш аст ҳанӯз ин духтарчаш 1-сола буд, ки оилаи онҳо пошид. Умеда ва духтараш аз он вақт то кунун дар хонаи модараш зиндагӣ мекунанд…
Аз он рӯзе, ки Асал ҳарф заданро пурра ёд гирифт ва фаҳмид, ки номаш Асал аст, худро дар хона ва кӯчаву мактаб бо англисӣ-Honey муаррифӣ кард. Асал бо англисӣ Honey мешавад. Агар касе бо номи Асал садояш кунад, зуд меранҷад ва нороҳат мешавад.
Хонаводаи Маҳмадқуловҳо бори аввал дар шаҳри Душанбе дар 2- солагӣ фаҳмиданд, ки Асал бо забони хориҷӣ гап мезанад. «Арӯси як хешамон дар Душанбе муаллими забони англисӣ аст. Мо ба меҳмононӣ рафтем, Асал гап зад, муаллима дар ҳайрат монд ва гуфт, ки ин кӯдак чӣ тавр англисиро омӯхтааст. Ман гуфтам, англисӣ гап намезад, ҳато ҳоло бо забони худамон-узбекӣ ё тоҷикӣ гап намезад, аз куҷо англисӣ?!»,-нақл кард модари Асал.
Модари Асал ба суханони муаллима чандон боварӣ ҳосил накард, баъди бозгашт ба хонаашон-Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ духтарашро ба назди муаллимони англисии гимназияи ноҳия бурд. Баъди гуфтугӯи Асал бо муаллимон Умеда итминон ҳосил кард, ки духтараш англисидон аст.
Асал Холмуминова, ҳоло дар синфи дуюм мехонад. Дар деҳа ва мактаб мушкили забони муошират дорад, зеро, дар миёни ҳамсолони худ касе нест, ки бо ӯ бо забони англисӣ ҳарф занад. Мадараш мегӯяд то кунун муошират ва ё таълим дар мактаб барои духтараш мушкил аст, чунки дарсҳо пурра бо забони тоҷикӣ мегузаранд. Ҳамин нофаҳмии забони муошираташ аст, ки дӯстони зиёд надорад ва дар мактаб бештар хомӯширо пеша мекунад.
«Ҳамсояҳо мегӯянд, мо барои омӯзиши забони англисӣ фарзандонамонро ба дарсҳои иловагӣ ҷалб кардаем, аммо ҳамоно хуб намедонанд. Духтари шумо чӣ хел ёд гирифтааст. Ҳоло духтарам ба писари акаам англисӣ ёд дода медиҳад. Ману модарам чанд калимаи англисӣ ёд гирифтем.»,-нақл кард модари Асал.
Дар мактабҳои маъмулии Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи 3 шуруъ мешавад. Асал хурсанд аст, ки соли оянда дар мактаб дарси англисӣ мехонад. Умеда Маматқулова, модари Асал мегӯяд, ки духтараш аз ҳар филми тасвирие, ки бо забони ангисӣ тамошо мекунад, калимаҳои нав меомӯзад. Бо истифода аз он калимаҳо ҷумла месозад ва ҳикояҳо нақл мекунад. Инчунин, шеъру суруд месарояд.
Модараш мегӯяд, як соли ахир Асал забони узбекиро кам-кам аз худ кардаву гоҳо бо бибию модараш бо ин забон муошират мекунад.
«Гурусна мемонд, ба ману бибияш нидо мекард, ки «Im hungry», яъне ман гурусна ҳастам. Ману модарам намефаҳмидем, баъдан дасти моро гирифта, назди дастурхон ё назди дег мебурд.»,-қисса кард Умеда.

Тобистони имсол Асал бемории нафастангӣ шикоят кард, модараш ӯро ба Душанбе бурд. Духтур ҳарфҳои Асалро нафаҳмид ва гуфт, ки тифл дар муошират нуқсон дорад. Ба назди табиби дигар равон кард. Ин духтур забони англисиро медонист ва духтарам хурсанд шуду аз вазъи сиҳатиаш нақл кард. Духтур ҳайрон шуду дар мавриди чӣ тавр омӯхтани забони англисии Асал аз ман пурсид.

Асал Холмуминова талош дорад, ки мактабро бо баҳои аъло хатм намуда, оянда таҳсили худро дар бахши тиб идома диҳад. Модараш орзу дорад, ки феълан духтараш дар ягон гимназия ё мактаби Президентӣ таҳсил намояд  то сатҳи забондониашро рушд дода оянда  мутахасиси хубе шавад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад