Google системаи муайянкунии таҳдидҳои худро дар файлҳои боргиришуда ва алгоритмҳои сканкунии вирусҳо дар браузери Chrome-ро навсозӣ кард. Ҳоло браузер дараҷаи хатари файлҳоро самараноктар муайян мекунад ва ҳатто бойгониҳои бо парол ҳифзшударо скан менамояд.
Акнун Chrome на танҳо дар бораи таҳдиди эҳтимолӣ огоҳ мекунад, балки дараҷаи шубҳанокӣ ё хатарро тасниф карда ва боригирии файлро қатъ мекунад.
Файлҳои шубҳанок бо секунҷаи хокистарӣ ва файлҳои хатарнок бо нишони сурх ишора карда мешаванд.
Акс аз шабакаи интернет