ОЛАМИ МАҶОЗӢБлогерон бо расонаҳо ҳамкорӣ мекунанд

Блогерон бо расонаҳо ҳамкорӣ мекунанд

-

Мулоқоти рӯзноманигорон бо блогерон

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон аз вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ бо роҳбарон  ва муассисони расонаҳои мустақили марказии Тоҷикистон дар ҳамоише таҳти унвони “Зарурат ва имконияти ҳамкориҳо” бо ҳам вохӯрданд.  Дар ин ҳамоиш, ки бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Насли нави Тоҷикистон” ва бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор шуд, роҳбарон ва масъулони гурӯҳи расонаҳои “Азияплюс”, гурӯҳи расонаҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон “Фараж” ва “Самак”, гурӯҳи расонаҳои  “Pressa.tj”, Tojikiston, ИмрӯзNews, Vatan, Jom.tj ва дигарон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш масъалаи ҳамкории рӯзноманигорон ва блогерони ҷавони минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон бо расонаҳои мустақили марказии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳамоиш қайд шуд, ки ин ҳамкорӣ метавонад, мушкилоти дастрасии иттилоот дар минтақаҳои Тоҷикистонро сабуктар кунад.  Дар ҳоли ҳозир, аксари расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо сабабҳои молиявӣ наметавонанд, дар минтақаҳои Тоҷикистон хабарнигорони маҳалии худро дошта бошанд. Ба далели надоштани хабарнигорон дар минтақаҳо расонаҳо наметавонанд, навигариҳои минтақаҳоро ба таври дуруст ва саривақтӣ инъикос кунанд. Бинобар ин ҳамкории онҳо бо блогерон ва рӯзноманигорони ҷавони минтақаҳо метавонад, барои ҳалли мушкилоти норасооии иттилоот мусоидат намояд. Дар ҳамин ҳол, ин ҳамкорӣ барои блогерон ва рӯзноманигорони маҳаллӣ низ боманфиат аст. Онҳо бо ин роҳ имкон пайдо мекунанд, контентҳои худро дар расонаҳои мустақили марказии Тоҷикистон ба нашр расонанд. Ин ба онҳо имкони дарёфти  маблағ, таблиғи блоги худ ва ҷалби муштариёни бештар ва беҳтар шудани сифати контентҳояшон мусоидат мекунад.

Як гурӯҳи муассисон ва масъулони расонаҳои марказии Тоҷикистон, ки имкониятҳои ҳамкории худро бо блогерон ва рӯзноманигорони минтақавӣ муаррифӣ намуданд, изҳори омодагии худро барои ҳамкорӣ бо блогерон ва рӯзноманигорони ҷавони минтақаҳои Тоҷикистон баён намуданд.

Дар ҳамоиш, изҳори умед карда шуд, ки истифода бурдани имкониятҳои расонаҳои мустақили марказӣ ҳам барои расонаҳо ва ҳам барои  блогерон муфид аст. Он барои афзоиши муштариёни ҳам расонаҳои мустақил ва ҳам блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ кумак мекунад. Зеро самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ  ба рушди расонаҳо, шахсият, дастрас намудани иттилооти дуруст, дарёфти даромади молӣ барои пешбурди зиндагӣ, кӯмак ба  ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳангу донишҳои муштариён ва афзоиши имиҷи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад