ОЛАМИ МАҶОЗӢИстифодаи паёмрасони Max дар Русия бештар, вале кори WhatsApp...

Истифодаи паёмрасони Max дар Русия бештар, вале кори WhatsApp бадтар мешавад

-

Истифодабарандаи паёмрасони русии Max аз 40 миллион гузаштааст.

Мессенҷери Max моҳи марти соли 2025 роҳандозӣ шуд. Барнома якбора ба чандин мессенҷери маъруф монанд аст. Масалан, дар он акаунти тиҷоратӣ мисли WhatsApp мавҷуд аст ва вазифаи каналҳо мисли Telegram. Ҳамчунин аз ҷиҳати зоҳирӣ Max ба Telegram бисёр монанд аст. 

Моҳи июни соли 2025 Думаи давлатии Русия қонун «Дар бораи ташкили хадамоти миллии бисёрфунксионалии рақамӣ»-ро қабул кард, ки истифодаи паёмрасонҳои хориҷиро барои муассисаҳои давлатӣ, бонкҳо ва операторони алоқа манъ мекунад то бо мизоҷон иртибот гиранд. Дар Русия аксар вақт барои ин мақсад, WhatsApp-ро истифода мебурданд, ки миёни истифодабарандагон хеле маъмул аст.

«Коршиносони техникӣ ба Max даъво доранд. Мессенджер на танҳо маълумоти муайян (масалан, суроғаи IP ва иттилоъ дар бораи фаъолияти истифодабаранда) ҷамъоварӣ мекунад, балки ҳуқуқ дорад онҳоро ба шахсони сеюм ва мақомоти давлатӣ диҳад. Ин бевосита дар сиёсати махфият қайд шудааст.»,- менависад BBC.

WhatsApp дар Русия тақрибан 100 миллион истифодабаранда дорад. Дар соли 2022 Додгоҳи Твер бо даъвои Прокуратураи генералӣ ширкати Meta (соҳиби Instagram, Facebook ва WhatsApp)-ро «ташкилоти экстремистӣ» эълон кард ва фаъолияти онро дар Русия манъ намуд. Аммо WhatsApp то ҳол бидуни маҳдудият кор мекунад.

Муҳоҷирони зиёди тоҷик, ки бо хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон бо WhatsApp суҳбат мекунанд, вақтҳои охир шикоят доранд, ки зимни гуфтугӯ аз тариқи ин паёмрасон мушкил гардида, онҳо матн менависанд ё паёми савтӣ мефиристанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад