ҲАЁТИ СОЛИМСоҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

Соҳибкории иҷтимоӣ. Аз маҳбус то бехонумон гуруҳи осебпазиранд

-

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таҳия мешавад, ки ҳадаф аз қабули он дастгирӣ ва рушди соҳибкории иҷтимоӣ унвон мешавад. Бо эҳтимоли зиёд то охири соли равон қонун қабул гардад.

Моҳи сентябри соли 2023 таҳияи лоиҳаи қонун шурӯъ шуд. Тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон (№1835 аз 2 октябри соли 2023) созмонҳои ҷамъиятӣ низ ба гуруҳи корӣ шомил гардиданд. Зимни таҳияи лоиҳаи қонун таҷрибаи чанде аз кишварҳо ба мисли Молдова ва Қазоқистон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. 

Вакил Ҷамшед Муртазозода ба рӯзноманигорон дар бораи чигунагии таҳияи лоиҳаи қонун нақл мекунад

Вакил Ҷамшед Муртазозода, роҳбари гурӯҳи корӣ оид таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” мегӯяд, дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи Молдова, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон омӯхта шуд ва дар Тоҷикистон як қонуни алоҳидаи мукаммалеро таҳия карданд, ки дар минтақа ҳамто надошта, моҳҳои октябр-ноябри соли равон бо эҳтимоли зиёд қабул шавад.

Қонун ба ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, мушкилоти экологӣ, шуғлофарӣ барои қишри аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор.

Дар қонун гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ онҳое ном бурда шудаанд, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта дар мутобиқшавии иҷтимоӣ душворӣ мекашанд ва ба кумаки дигарон эҳтиёҷ доранд, аз ҷумла:

— маъюбон, ятимон, кӯдакони нуқсони инкишофи равонию ҷисмонидошта

— бекорони расмӣ, нафакахурон ва шахсоне, ки то сини нафақаашон ду сол боқӣ мондааст;

— ноболиғоне, ки дар муҳити аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок қарор доранд;

– шахсоне, ки саробонашонро аз даст додаанд ва манбаи даромад надоранд;

– шахсоне, ки ҷои истиқомати доимӣ надоранд;

— шахсони бешаҳрванд;

— шахсони гирифтори ихтилоли равонӣ;

— шахсони гирифтори ВНМО ва бемории сил, беморони гепатит ва саратон;

— шахсоне, ки қурбонии истисмори меҳнатӣ ё шаҳвонӣ гардидаанд;

— шахсоне, ки аз офатҳои табиӣ, иқлимӣ, экологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва амалиёти низомӣ зарар дидаанд;

— модарони ноболиғи танҳо, ки кӯдак доранд ва ё ҳомиладор ҳастанд;

-оилаҳое, ки зиёда аз панҷ фарзанди ноболиғ доранд;

— гурезагон ва оворагони дохилӣ;

— қурбониёни савдои одамон ва ғуломӣ;

— аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд ва ба оилаҳои худ кумаки моддӣ намерасонанд;

— шахсоне, ки аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва/ё табъиз зарар дидаанд;

-шахсоне, ки аз адои ҷазо аз муассисаҳои ислоҳи ё ҷойҳои табобати иҷборӣ раҳо шудаанд;

– шахсоне, ки дар шароити душворӣ зиндагӣ қарор доранд ва ба сарпаноҳи муваққатӣ ниёз доранд;

— шаҳрвандони камдаромад ва ғайра, ки дар сурати қабули қонун соҳибкорон барои истихдоми кормандон ба ин гуруҳҳо авлавият бояд диҳанд.

Бори аввал оид ба соҳибкории иҷтимоӣ соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун» намояндагии Маркази байналхалқии ғайритиҷоратии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи таҷрибавиеро барои таҳқиқ ва омӯзиши заминаҳои соҳибкории иҷтимоӣ тарҳрезӣ карда буданд.

Дар Тоҷикистон агарчӣ амалан қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Вале унсурҳои соҳибкорӣ дида мешавад ва бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ ба шакле онро амалӣ мекунанд.  

Ташкилоти ҷамъиятии «Ирода» бо кӯдакони мушкилоти рушди зеҳнидошта ва гирифтори аутизм кор мекунад ва дар назди ташкилот қаҳвахонаи «Дар як замин» ва студияи «iTavono» (Ман тавоно)-ро таъсис додааст, ки яке аз намунаҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мақсади қаҳвахонаи «Дар як замин» дастгирӣ ва рушди тифлон ва ҷавонони дорои мушкилоти рушди зеҳнӣ ва аутизм аст.

Дар қаҳвахона дар баробари дар сатҳи касбӣ омода шудани шириниҳо бо меҳнат ҷавонони дорои махсусиятҳо дар рушди тафаккур ва аутизм ба меҳмонон низ худи онҳо хизматрасонӣ мекунанд.   

Ҳамаи маблағҳое, ки аз ҳисоби қаҳвахонаи «Дар як замин» ба даст меояд барои пешбурди корҳои дигари ташкилот масраф мешаванд.

Кӯдакони мушкилоти рушди зеҳнидошта ва гирифтори аутизм зимни кор дар қаҳвахонаи «Дар як замин»

Студияи полиграфии «iTavono» як пойгоҳи инклюзивӣ барои дастгирӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонони аз синни 18 то 30-сола, ки дорои аутизм ва дигар нуқсон дар рушди тафаккур ҳастанд, ба шумор меравад.

Рӯзноманигорон дар як пресс-тур ба қаҳвахонаи Чатр»

Ташкилоти ҷамъиятии «Корвони Умед», ки як самти фаъолияташ ҳифзи занони хушунати оилавидида аст, қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр”-ро таъсис додааст. Дар ин қаҳвахона занони ҷабрдида, махсусан онҳое, ки хушунати хонаводагӣ мебинанд, омӯзиш ва ба кор ҷалб мешаванд. Кормандони ин қаҳвахона ҳамчунин фармоиш қабул мекунанд ва барои гузаронидани чорабиниҳои ба идораву корхонаҳо ва ҳатто берун аз шаҳр мераванд. Маблағи ба дастомада барои паногоҳҳо сарф мешавад.

Маълумоти бештар дар эксплейнери мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
3
+1
0
+1
0
+1
1
+1
2
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад