МУВАФФАҚИЯТФайзалӣ Аҳлиддинов: хайётӣ танҳо кори занон нест!

Файзалӣ Аҳлиддинов: хайётӣ танҳо кори занон нест!

-

Файзалӣ Аҳлиддинов

Файзалӣ Аҳлиддинови 30-сола дӯзандагиро беҳтар аз муҳоҷирати меҳнатӣ медонад. Ӯ мисли ҳазорон муҳоҷири тоҷик бо орзуи ба даст овардани даромади бештар Русия рафта буд. Вале ба рӯзҳои сахту душвор рӯ ба рӯ шуд. Бинобар ин, ба Ватан баргашт ва кори дӯзандагиро идома дод. Акнун қайчӣ ва сӯзанро беҳтар аз бардоштани хишту лой ва дигар кори пурмашаққати муҳоҷират медонад.

Ӯ ягона марди дӯзанда дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аст. 13 сол инҷониб ба кӯтоҳ кардани либосҳои мардона ва дӯхтану ороиши матоъҳои занону бонувон машғул аст. Ҳанӯз 16 сол дошт, ки ба дӯзандагӣ шурӯъ кард. Он замон танҳо барои хонаводаву ҳамсоягон медӯхт. Баъд аз хатми мактаби миёна дар бозори «Ҳоҷии-Шариф» дӯкони худро боз кард ва ҳунарашро ба мардум ошкор намуд.

Ин дӯзанда мегӯяд, ки ҳунари дӯзандагиро аз холааш омӯхтааст. Дӯхтану даромад бадаст овардани холааш ӯро дилбастаи ин касб кард. Аввалин пироҳанро барои модараш таҳия кар, ки модар онро бо хурсандӣ қабул намуд.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бархе қабул надоранд, ки мард хайётӣ намояд ва ин шуғлро кори занона медонанд.  Даҳ сол қабл бархурди мардум бо Файзалӣ дигар буд, вале ӯ ба суханҳои мардум аҳамият надод ва ба касби дӯстдоштааш идома дод.

«Аввал фикр мекардам, ки дӯзанагӣ кори зан аст, вале вақте бузург шудам, андешаам дигар гардид. Дарк кардам, ки ҳунар занонаву мардона намешавад.»,-мегӯяд ин ҷавон.

Бо боз кардани дӯкони хайётӣ дар бозори «Ҳоҷӣ-Шариф»-и шаҳри Бохтар муштариёни кори Файзалӣ Аҳлиддинов бо гузашти вақт то рафт зиёд мешуд. Муштариёнаш ба дузанда будани вай шак доштанд ва бо як ҳиси нобоварӣ матоъҳои худро ба ӯ медоданд.

Файзалӣ мактаби дӯзандагӣ ва тарроҳии ҳирфаиро дар шаҳри Душанбе хатм карда, ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҳамсабақон дастоварди хешро барои намоиш борҳо пешниҳод кардаанд.

«Тақрибан 3 сол дар Душанбе фаъолият кардам. Дӯкон кушодам ва чанд зани дигарро низ ба кору маош таъмин кардам. Дар баробари ин, мактаби дӯзандагӣ ва тарроҳиро хатм кардам. Дар муддати кӯтоҳ дар пойтахти мамлакат муштариёни худро пайдо намудам. Даромади хуб доштам, вале аз хонавода ва волидайн дурӣ бароям мушкил буд, бинобар ин ба зодгоҳам шаҳри Бохтар баргаштам.»,-нақл мекунад Файзалӣ.

Файзалӣ Аҳлиддинов мегӯяд, соли 2014 ба Русия рафт, бархурди мардуми рус бо муҳоҷирон хуб набуд. Дигар мушкилиҳое буданд, ки ӯро азият медод. Тасмим гирифт, ки ба Ватан баргардад ва ба кори хайётиаш идома диҳад. Ин ҷавон дар тули фаъолияти хеш ҳунари дӯзандагиро ба даҳҳо бону омӯзонда онҳоро соҳибҳунар гардондааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
6
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад