НАВИД10 декабр Рӯзи ҷоизаи Нобел

10 декабр Рӯзи ҷоизаи Нобел

-

10 декабр рӯзи бонуфузтарин ҷоизаҳои байналмилалӣ-Нобел аст. Он барои тадқиқоти барҷастаи илмӣ, ихтирооти тағйирдиҳанда ё саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва ҷомеъа мукофотонида мешавад.

Муассиси ҷоиза Алфред Нобел, кимиёшинос, муҳандис ва ихтироъкори маъруфи Шветсия мебошад, ки 355 ихтироъ дошта, машҳуртарини он динамит аст.

Нобел тӯли умри хеш сарвати зиёде ба даст овард (аксари он бо шарофати ихтирооташ ба даст омадааст), ки қисми асосии онро барои таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ васият кардааст.

Нобел нусхаи охирини васиятномаи машҳури худро тақрибан як сол қабл аз маргаш — 27 ноябри соли 1895 имзо кардааст.

Натиҷаи ин васият ба таъсиси Фонди Нобел сабаб гардида, имрӯз созмонҳои Шветсия барои додани ҷоизаҳои Нобел дар тамоми соҳаҳои илм ва фарҳанг масъуланд. Ҷоизаи сулҳи Нобел истисно буда, Кумитаи Нобели Норвегия тасмим мегирад, ки ин ҷоизаро ба кӣ диҳад.

Ҷоизаи Нобелро танҳо ба шахсони алоҳида додан мумкин аст, на муассисаҳо (ба истиснои ҷоизаи Сулҳ — он метавонад ба шахсони алоҳида ё созмон дода шавад).

Аз рӯйи як номинатсия ба ду асар имкони тақдими Ҷоизаи Нобел вуҷуд дорад. Ин қоида, ки соли 1968 ҷорӣ карда шуда буд, ҳамеша риоя мешавад. Мукофоти пулӣ байни муаллифон баробар тақсим карда мешавад.

Ҷоизаи Нобелро пас аз марг додан мумкин нест. Тартиби мукофотонидани номзадҳо кори зиёдеро талаб мекунад, ки тамоми сол аз тарафи созмонҳои сершумори ҷаҳон анҷом дода мешавад. Интихоби ниҳоии барандагони ҷоиза аз ҷониби Академияи Шоҳигарии Илмҳои Шветсия, Академияи Шветсия, Ассамблеяи Нобелии Донишкадаи Каролинска ва Кумитаи Нобели Норвегия дар моҳи октябр анҷом мешавад ва рӯзи 10 декабр, дар солгарди вафоти Алфред Нобел (10 декабри соли 1896) ҷоизаҳо якбора дар пойтахтҳои ду кишвар супурда мешавад.

Шоҳи Шветсия дар Стокҳолм ҷоизаҳоро дар бахшҳои физика, кимиё, тиб, адабиёт ва иқтисод тақдим мекунад. Дар Осло дар ҳузури шоҳи Норвегия ва аъзои хонаводаи шоҳ раиси Кумитаи Нобели Норвегия Ҷоизаи Сулҳро тақдим мекунад.

Дар баробари ҷоизаи пулӣ, ба барандагони ҷоиза медали тилло бо акси Нобел ва диплом тақдим мегардад. Ҷоизаҳои Нобел нуфузи бузурги байналмилалӣ доранд ва илова бар ин, ба барандагони ҷоиза кумаки назарраси иқтисодӣ мерасонанд.

Соли равон Бинёмин Лист дар Пажуҳишгоҳи Макс Планк дар риштаи таҳқиқи ангиштсанг дар Олмон ва Дэвид Макмиллан дар Донишгоҳи Принстони ИМА фаъолият доранд, Ҷоизи Нобел дар бахши кимиёро соҳиб шудаанд.

5 октябр Сюкуро Манабе, Клаус Хасселман ва Ҷорҷио Паризи ғолибони бахши физика эълон шуданд, ки имкони инсониятро дар бахши низомҳои мураккаб васеъ намуданд. Барандаҳо дар бахши адабиёт 7 октябр, барои барқарории сулҳ дар ҷаҳон 8 октябр ва бахши иқтисод 11 октябр муаррифӣ гардиданд. Соли равон маблағи ҷоиза ҳудуди 1,2 миллион долларро ташкил дод.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Чемпионати 9-уми Тоҷикистон кай баргузор мегардад?

Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон ва нозирони бозиҳои даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни дастаҳои лигаи олиро...

Ситораҳои футболи Русия ба Тоҷикистон меоянд

Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол 22 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии...

Дӯстмурод Шарипов: ғазал аз Ҳофиз набудааст

Блогер Дӯстмурод Шарипов, ки айни ҳол дар Эрон қарор дорад, аз марқади Ҳофизи Шерозӣ низ дидан карда, ғазалеро ғироат...

Депарде ба ҳабси шартӣ маҳкум шуд

Додгоҳи ислоҳии Париж ҳунарпешаи фаронсавӣ Жерар Депардеро ба 18 моҳ ҳабси шартӣ барои парвандаи таҷовуз дар сабти филм дар...
spot_imgspot_img

Чин манъи харидории ҳавопаймоҳои Boeing-ро аз сар гирифт

Чин манъи харидории ҳавопаймоҳои Boeing-ро, ки аз нимаи моҳи апрели соли 2025 амал мекард, бекор намуд. Маҳдудият дар посух...

Губернатори Техас: қонунеро имзо мекунам, ки ба шаҳрвандони Русия ва Чин харидани амволро манъ мекунад

Губернатори иёлати Техаси Амрико Грег Эбботт ба зудӣ қонунеро имзо мекунад, ки ба шахсон ва ширкатҳо аз як қатор...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад