МУВАФФАҚИЯТГӯштин дар Ваҳдат. Шоҳҷоизаҳоро кӣ гирифт?

Гӯштин дар Ваҳдат. Шоҳҷоизаҳоро кӣ гирифт?

-

Дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он паҳлавонони тоҷик Ғазалшои Давлатшо, Улуғбек Раҳимов, Адҳам Исоқов, Суҳроб Муҳаммадов, Оятуллои Камарӣ, Ҷумъахон Элмуродов, Сомон Аламов, Субҳиддин Халилзода, Зафар Олимшоев, Ҳайдар Саидкабирзода, Бахтовар Суфиев, Зиёдулло Неъматов, Хурсанмурод Алиев, Бобо Неъматов, Абубакри Акобир, Раҳмоналӣ Азизов, Аминҷон Абдуҷалилзода ва дигарон маҳорати баланд нишон доданд.Ба иттилои АМИТ «Ховар»  ду Шоҳҷоиза, мошини сабукрав, маблағҳои пулӣ, қолин, бузу гӯсфанд, гов, асп ва дигар туҳфаҳо супорида шуданд.

Барои Шоҳҷоизаи аввали мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ду паҳлавони шинохта — Улуғбек Раҳимов аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Суҳроб Муҳаммадов аз шаҳри Ваҳдат давоми як соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нашуд.

Аз ҷониби ташкилотчиёни мусобиқа ҳамин Шоҳҷоиза барои ду паҳлавони дигар- Ғазалшои Давлатшо аз ноҳияи Ёвон ва Адҳам Исоқов аз шаҳри Ваҳдат гузошта шуд. Дар ниҳоят Ғазалшои Давлатшо бо партофти хеле зебо ҳарифашро мағлуб намуда, сазовори ин мукофоти олӣ гардид.

Шоҳҷоизаи дуюми Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ваҳдатро паҳлавони ҷавони тоҷик Сомон Аламов, ки бар паҳлавони ноҳияи Рӯдакӣ ғолиб шуд, соҳиб гардид.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад