МУВАФФАҚИЯТБешаи палангон дар феҳрести ЮНЕСКО (Видео)

Бешаи палангон дар феҳрести ЮНЕСКО (Видео)

-

Бешаи палангон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. 20 сентябри соли равон зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ёдгории табиии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст.

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст.

Мамнуъгоҳ дар ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ аст ва яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш мебошад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» — ро туғайзор ташкил медиҳад. Аз ҳайвоноти нодир гавазни бухороӣ боқӣ мондааст, паланги туронӣ нест шудааст.
Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – паланги тӯронӣ «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхӯр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Олими рус Р.Л.Потапов дар асари худ «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохӯрии одамонро бо палангҳо ёдрас шудааст. Вуҷуди паланги тӯронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рӯйи Замин нест шудааст.

Бо кӯшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он тазарф, кабк, дуғдоғ парвариш карда мешавад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди растаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд растаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд растаниҳои техникӣ, 44 намуд растаниҳои дармонӣ, 10 намуд растаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд растаниҳои заҳрнок мебошанд.

Порчаи видео аз саҳифаи фейсбукии Кумитаи ҳифзи муҳити зист. Акст Бешаи палангон аз шабакаи интернет

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад