БОЛДандонпизишк ва роҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Новосибирск

Дандонпизишк ва роҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Новосибирск

-

Умар аз чап якум

Умар Шеров солҳои 2015-2022 яке аз донишгоҳҳои тиббии Русияро хатм кард, аз замони донишҷӯӣ ба кори амалӣ машғул буд ва дандонпизишк аст. Умар раиси тоҷикони шаҳри Новосибирски Русия буда, барои муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик талош меварзад.  Мо бо ӯ дар барои таҳсил, кор, ва равишҳое, ки барои муаррифии кишварамон истифода мекунад, пурсон шудем.

Ӯ замони таҳсил бо сарфи вақти кам фанҳои лозимро аз худ мекард ва бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм кардааст.

«Соли сеюми таҳсил дар дармонгоҳи «Пломба» таҷрибаомӯзӣ мекардам ва пас аз хатм корро расман оғоз намудам.»,-нақл кард Умар.

Умар дар дармонгоҳи хусусӣ фаъолият дорад. Муносибати беморон дар сатҳи болост. Аз донишу малакааш  тавсиф ҳамеша кардаанд.

Умар дар миёна

Қаҳрамони барномаи мо ҳамчунин роҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар вилояти Новосибирск раиси тоҷикони шаҳри Новосибирски Русия аст.

«Дар ин ҷо чорабаниҳои гуногун ташкил мегардад ва намояндагони кишварҳо имкон доранд таъриху фарҳанги худро муаррифӣ намоянд. Мо бо дигар ҳамватанон дар баробари дигар миллатҳо кӯшиш мекунем, ки бо истифода аз фурсат дар бораи Ватан бигӯем, онро шиносонем.»,- илова кард ӯ.

Умар ният дорад то ду соли дигар дар Русия монад ва сипас ба Тоҷикистон баргашта дармонгоҳи хешро таъсис дода, дар хизмати мардум бошад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад