МУВАФФАҚИЯТ20 барномаи Рустамҷон дар “Play market”. Ӯ ба ҷойи...

20 барномаи Рустамҷон дар “Play market”. Ӯ ба ҷойи бозӣ барномаҳои омӯзишӣ месозад

-

20 барномаи сохтаи Рустамҷон Қурбонов дар “Play market” дастрас аст. Ӯ барномасозиро 7 сол қабл, аз 18-солагӣ оғоз кардааст. Рустамҷон Қурбонови 25-сола риштаи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ҳоло дар яке аз ширкатҳои мобилӣ фаъолият дорад. Ӯ дар овони кӯдакӣ орзуи табиб шуданро доштааст, аммо баъдтар ба хулосае меояд, ки пешаи дигаре бояд дошта бошад.

“Ба он хотир табиб шудан мехостам  то ба мардум ройгон хизмат намоям. Вақте бузург шудам, дарк кардам, ки табобати комили ройгон гоҳо ғайримкон аст. Зеро, барои сиҳатии ҳар бемор дорую даво лозим аст, ки онро табиб ройгон ба даст оварда наметавонад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, касбу кори муосире бояд бигирам то аз ин тариқ ба мардум хизмат кунам. То ҳол орзуи табобати ройгони беморонро дар қалб мепарварам. Нақша дорам, ки дар оянда як “фонди хайриявӣ” таъсис дода аз ин тариқ беморонро бо истифода аз мутахасисони варзида ба табобат фаро гирам.”-мегӯяд Рустамҷон Қурбонов.     

Аксарият дар Тоҷикистон телефонҳои ҳушманди бо низоми «Android» доранд. Бинобар ин, Рустамҷон ҳамаи барномаҳои хешро барои системаи Android сохтааст. Бештари барномаҳои ӯ барои омӯзиши осони забонҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд.

“Учит английский язык с нуля без интернета”, “Худомӯзии забони англиси”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Medinfo-мавзӯҳои тиббӣ”-барномаҳои сохтаи Рустамҷон Қурбонов аст, ки ҳазорҳо истифодабаранда дорад.

Рустамҷон Қурбонов бештар барномаҳои омӯзишӣ месозад. “Ман метавонистам, бештар “бозӣ” созам, вале аз он ҷавонону наврасон ҳеҷ суде намегиранд. Баръакс, боиси талафи вақт, коста гардидани саводу маърифаташон мегардад. Бинобар ин, барномаҳои омӯзишӣ таҳия  мекунам то кори довталабонро осон кунам.”,- таъид мекунад Рустамҷон Қурбонов.

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад