МУВАФФАҚИЯТТоҷикистон ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ мегузарад: маълумотро танҳо...

Тоҷикистон ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ мегузарад: маълумотро танҳо як бор талаб мекунанд

-

Дар Тоҷикистон гузариш ба хизматрасониҳои пурраи электронӣ, ҳамгироии махзанҳои давлатӣ ва коҳиши расмиёти коғазӣ ҳамчун яке аз самтҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ муайян гардид.
19 август таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шурои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди рақамӣ баргузор шуд. Дар он Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030 ва нақшаи рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ баррасӣ гардид.
Яке аз масъалаҳои калидӣ — татбиқи принсипи «маълумот танҳо як маротиба» мебошад. Яъне дар оянда шаҳрванд набояд маълумотеро, ки аллакай дар махзани давлатии дигар мавҷуд аст, дубора ба мақомоти давлатӣ пешниҳод кунад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки пеш аз электронӣ кардани хизматрасониҳо худи тартиби онҳо бояд содда карда шавад. Ҳуҷҷатҳои такрорӣ, талаботи зиёдатӣ ва зарурати муроҷиат ба чанд мақом бояд бартараф гарданд.
Интернети босифат барои минтақаҳои дурдаст
Дар ҷаласа ба Хадамоти алоқа супориш дода шуд, ки ба баланд бардоштани сифат ва фарогирии интернет, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, диққати бештар диҳад.
Дар баробари ин, барои солҳои 2027–2030 ҳадафҳои мушаххаси солона муайян карда мешаванд, то лоиҳаҳои рақамӣ бо муҳлат, маблағгузорӣ, масъул ва натиҷаи дақиқ амалӣ шаванд.
Аз «лоиҳаи рақамӣ» то натиҷаи воқеӣ
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҳар як ташаббуси рақамикунонӣ бояд ба натиҷаи мушаххас барои шаҳрванд ва иқтисод равона шавад. Аз таҳияи чорабиниҳои такрорӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои беасос бояд пешгирӣ карда шавад.
Самтҳои дигари афзалиятнок рушди инфрасохтори рақамӣ, таъсиси низоми миллии маълумот, ҳамгироии феҳристҳои давлатӣ, рақамикунонии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди соҳибкории рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва таҳкими амнияти киберӣ мебошанд.
Чор принсипи асосӣ
Раиси Шуро Эмомалӣ Раҳмон рақамикунонии кишварро бар асоси чор принсип муҳим арзёбӣ карданд:
  • Натиҷаи мушаххас барои инсон ва иқтисод;
  • Сохтори ягонаи рақамии давлат;
  • Пешниҳоди маълумот танҳо як маротиба;
  • Дастрасии баробари шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ.
Ҳамин тавр, ҳадаф танҳо гузаронидани хизматрасониҳои коғазӣ ба шакли онлайн нест. Вазифаи асосӣ — сохтани низоми ягонаи рақамии давлат, ки дар он шаҳрванд вақти камтар сарф карда, хизматрасониро содатар ва шаффофтар дастрас намояд.
ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад