БИЗНЕС-КЛУБ“Made in Tajikistan”. Собир киштиҳои босифат ва арзон месозад

“Made in Tajikistan”. Собир киштиҳои босифат ва арзон месозад

-

Ин киштиро Собир сохтааст

Собир Сатторов дар шаҳри Норак зиндагӣ мекунад. Ӯ аз соли 2019 ба киштисозӣ пардохт ва то кунун ду киштӣ ва як гидроскутер сохтааст. Киштиҳои сохтаи ӯ аз киштиҳои дар хориҷ сохташуда тафовуте надоранд, вале арзишаш ду баробар камтар аст. Собир як киштиро давоми 2-3 моҳ месозад ва аз маводе истифода мекунад, ки дар Ватан истеҳсол шудааст.

«Муҳаррик истеҳсоли хориҷист. Барои киштисозӣ ширеши махсусе лозим аст, ки онро аз Чин ба Тоҷикистон ворид мекунанд. Дигар маҳсулоти истеҳсоли худамонро истифода мекунем.»,-иттилоъ дод Собир.

Собир Сатторов аз киштии сохтаашро таҷриба мекунад

Ин ҷавон соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Феълан роҳбарии ширкати “Чакан-таксӣ”-ро дар шаҳри Норак ба уҳда дорад.

Собир барои сохтани як киштӣ тахминан 40 ҳазор сомонӣ масраф кардааст. Ду киштӣ ва як гидроскутерро аз ҳисоби пасандозе, ки солҳо ҷамъоварӣ карда буд, омода кард. Чанде қабл ширкати хориҷие як киштиашро барои санҷиши сатҳи оби обанборҳои нерӯгоҳҳои Нораку Бойғозӣ харидорӣ кард.

Собир мегӯяд, талабот ба истифодаи киштӣ дар шаҳри Норак хеле зиёд аст. Меҳмонону сайёҳоне, ки ба ин шаҳр барои истироҳат меоянд, аз киштии ӯ истифода мебаранд.

«Дар Тоҷикистон обанбору мавзеъҳои сайёҳии обӣ хеле зиёд аст, ки аз киштӣ истифода мешавад истифода бурд. Агар сарпарасте пайдо шавад, мо метавонем, киштиҳои гуногунро барои ин мавзеъҳои сайёҳӣ созем.«,-таъкид намуд Собир.

Корнамоии Собир Сатторов боиси тавсиф аст ва дар вилояти Хатлон собиқа надорад. Агар ин кори ӯ аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ пуштибонӣ ёбад, умед аст, ки дар ояндаи на чандон дур киштиҳои сохтаи Собир Сатторов бо тамғаи “Made in Tajikistan” дастаси сайёҳони об гардад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад