ЗАБОНОМӮЗӢДухтари филиппинӣ ба ҳазорон ҷавони тоҷик англисӣ омӯзонду худ...

Духтари филиппинӣ ба ҳазорон ҷавони тоҷик англисӣ омӯзонду худ низ забони моро омӯхт

-

Аксҳо аз саҳифаи instagram-и Ҳанна

Ҷавондухтари филиппинӣ Ҳанна Май (Hannah Mae Dacara) 12 сол аст, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, мафтуни Тоҷикистону мардуми он шуда, мехоҳад ин ҷо зиндагиашро идома диҳад.

“Ман имконият доштам, ки ба Амрико ё ягон кишвари аврупоӣ равам, аммо нахостаму Душанберо интихоб кардам. Чунки мардуми Тоҷикистон меҳрубон буда, иқлими ин ҷо ба ман писанд омад. Ҳавои Душанбе на гарми тоқатфарост ва на сард”.

Ба қавли ин ҷавондухтари филиппинӣ баъзе аз анъанаҳои хонаводагӣ, мисли эҳтирому сарпарастии волидайн дар Тоҷикистону Филиппин ҳамсонанд.

Ӯ мегӯяд, дар риштаи тиб ва тадриси забони англисӣ дар ватанаш маълумоти олӣ гирифтааст. Соли 2010 дар доираи як барномаи тандурустӣ барои кӯмак ба Тоҷикистон омад. Бо ҳамин тақдираш бо Душанбе рақам хурд. Барои кори доимӣ ин ҷо омӯзгорӣ мекунад.  

Ҳанна ҳоло дар Маркази омӯзишии “Фардун” ва чанд маркази дигари омӯзишӣ ба ҷавонони тоҷик забони англисӣ меомӯзонад. То кунун ба ҳазорҳо ҷавону навраси тоҷик забони англисӣ омӯзонидааст, ки аксари онҳо ин забонро то ҳадди зарурӣ аз бар кардаанд. 

Ӯ низ забони тоҷикиро омӯхта, нозукиҳои забони англисиро ба тоҷикӣ шарҳ медиҳад. Ҳарчанд Ҳанна забони тоҷикиро дар сатҳи гуфтугӯ медонад, аммо барои омӯзонидани англисӣ имлои забони тоҷикиро то ҳадде аз бар кардааст.

“Барои забономӯзӣ донистани қоидаҳои забон муҳим аст. Бештар талош мекунам, ки ба воситаи забони тоҷикӣ ба бачаҳо забони англисӣ омӯзиш диҳам. Сохтори забони тоҷикӣ ба англисӣ наздик аст. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ яке аз ширинтар забонҳо дар ҷаҳон аст.”,-мегӯяд Ҳанна.

Ҳанна дар Душанбе забони русиро низ аз худ кардааст. Дар рафти омӯзиш аз ин забон низ истифода мебарад. 

Ҳанна дар баробари омӯзиши ҳузурии забони англисӣ, омӯзиши онлайнии онро таҷриба мекунад. Вай дар YouTube бо номи Teacher Hannah Dacara саҳфа дошта, дар Instagram бо номи Teacherhannahjon матолиби омӯзишии видеоӣ  нашр мекунад.

Ин амалаш маҷонӣ (бидуни подош) буда, ҳеҷ гуна манфиати молиро аз ин тариқ интизор нест, баръакс, вақт масраф карда, дарсҳои онлайн таҳия мекунад.

Оилаи Ҳанна низ бо илҳом аз ӯ Душанберо писандидаанд. Бародар хоҳар ва модараш меҳмони Душанбе будаанд.  Аз эҳтимол дур намедонад, ки бо тоҷикписаре оила барпо кунад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
17
+1
9
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Шӯрои Федератсияи Русия боло бурдани боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷиронро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қонунеро тасдиқ намуд, ки тибқи он боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон ба таври назаррас афзоиш меёбанд. Аз...

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори аввал аз расонаҳои анъанавӣ пеш гузаштанд

Шабакаҳои иҷтимоӣ аввалин бор дар ҷаҳон ба манбаи асосии дастрасии ҷомеа ба иттилоот табдил ёфта, аз расонаҳои анъанавӣ, аз...

Ёде аз Акашариф Ҷӯраев

Аз "Дараи Камароб", "Ҷон додаракам", “Алла” ва даҳҳо суруди мондагор маҳсули эҷоди Акашариф Ҷӯраев, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ҳастанд. Суруду...

Қонун «Дар бораи авф» мавриди амал қарор гирифт

Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" мавриди амал қарор гирифт. Нашрияи "Ҷумҳурият" қонунро нашр намуд. Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"...
spot_imgspot_img

Ҳасану Ҳусейн ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд

Ҳасан ва Ҳусейн ду навраси дугоник аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳавопаймои бидуни сарнишин сохтанд. Дар ин кор ба...

Оғози Форуми байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон

Дар истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» ба кори худ оғоз кард. Ин чорабинӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад