БОЛМуҳайё дар Мюнхен: кору таҳсил дар як вақт

Муҳайё дар Мюнхен: кору таҳсил дар як вақт

-

Аксҳо аз бойгонии Муҳайё

Муҳайё Муллоҷонова як ҳамватани мост, ки ҳоло дар шаҳри Мюнхени Олмон қарор дорад. Ӯ дар барномаи “Бол” доир ба таҳсил, касбомӯзӣ ва зиндагӣ дар ин кишвар қисса кард.

“Пас аз хатми мактаби миёна барои дар хориҷи кишвар таҳсил кардан хеле роҳ ҷустам ва билохира барномаи “Au Pаir”-ро пайдо кардам. Тавассути барномаи мазкур ба Олмон омадам ва инак наздики ду сол мешавад, ки инҷоям.”— мегӯяд Муҳайё.

“Au Pаir”-барномаест, ки ба хориҷиён имкон медиҳад тӯли як сол  дар оилаи олмонӣ зиндагӣ намуда, забони олмониро омӯзанд.  Аммо Муҳайё дар хонаи оилаи олмонӣ ҳамагӣ 7 моҳ зиндагӣ кард. Ӯ имкон пайдо кард, ки тариқи барномаи “Ausbildung” ҳам касб омӯзад ва инчуни дар меҳмонхонае таҷриба андӯзад.

“Сабаби аз оилаи олмонӣ рафтанам ин буд, ки забонро омӯхта натавонистам, зеро, зан олмонӣ буду шаҳвраш рус ва фарзандонашон забони русиро медонистанду ман бо онҳо бисёр вақт бо забони русӣ суҳбат мекардам.

Чун мақсадам забономӯзиву идома додани таҳсил буд, тасмим гирифтам, ки ба касбомӯзӣ равам ва имкониятҳоямро зиёд гардонам.”, — илова кард ӯ.

Ба нақли Муҳайё, душвориҳои кору таҳсил дар Олмон кам нестанд. Даву тозу зиёд ва танзими ҳуҷҷатҳо, риояи қавонини он кишвар ва ғайра.

Ӯ ҳоло дар курси дуюм таҳсил мекунад ва ният дорад, ки пас аз хатм дар меҳмонхонае, ки коромӯз аст, фаъолияташро идома диҳад. Ҳоло ҳудуди 800 евро маош мегирад ва ҳиссаеро ба волидонаш низ мефиристад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
3
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад