ОЛАМИ МАҶОЗӢGoogle соли 2025 аз рақибонаш қафо мемонад

Google соли 2025 аз рақибонаш қафо мемонад

-

Директори генералии Google ба кормандонаш маслиҳат дод, ки ба душвориҳои соли 2025 омода шаванд.
Директори генералии Google Сундар Пичай дар ҷаласаи рӯзи 18 декабр гуфтааст, соли 2025 нуқтаи гардиш дар рушди зеҳни сунъӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, рақобати шадид, тафтишоти зиддиинҳисорӣ  аз мулшкилоти ҷиддӣ ҳастанд.

Пичай аҳамияти тезонидани суръати тараққиёт ва ҳалли проблемаҳои тезутунди истифодабарандагонро таъкид намуд. Ширкат зери фишори даъвоҳо қарор дорад: дар моҳи август Google барои монополияи ғайриқонунӣ дар бозори ҷустуҷӯ гунаҳкор дониста шуд. Даъвоҳои зиддиинҳисорӣ аз ҷониби мақомоти Бритониё низ ба миён омадаанд. Ин баҳсҳо, ба гуфтаи Пичай, ба миқёси тиҷорати Google ва таъсири технология ба ҷомеа иртибот доранд.

Сарфи назар аз бартарияти бозори муҳаррики ҷустуҷӯ, пайдоиши AI боиси пайдоиши рақибони қавӣ ба монанди OpenAI ва Perplexity гардид.

Пичай иқрор шуд, ки Google метавонад дар соли 2025 аз рақибони худ каме қафо равад, аммо изҳори итминон кард, ки беҳтарин маҳсулотро дар бозор эҷод кунад. 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад