ҲАЁТИ СОЛИМИсроил дар «Евровидение» мемонад, вале Нидерландия, Испания, Ирландия ва...

Исроил дар «Евровидение» мемонад, вале Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения ширкат даст кашиданд

-

Исроил иҷозаи иштирок дар «Евровидение-2026»-ро ба даст овард. Дар посух Нидерландия, Испания, Ирландия ва Словения эълон карданд, ки ба нишони эътироз аз иштирок даст мекашанд.

Ин кишварҳо талаб доштанд, ки Исроил ба далели  тахрибкорӣ дар Ғазза аз озмун хориҷ карда шавад.

Онҳо аз Иттиҳоди пахши Аврупо (EBU) хостанд, ки дар ин масъала овоздиҳии махфӣ баргузор гардад, аммо дар маҷлиси рӯзи панҷшанбе дар Женева танҳо қоидаҳои нави овоздиҳӣ қабул карда шуданд. EBU изҳор дошт, ки аксари аъзо ба ин назаранд, ки овоздиҳии иловагӣ дар мавриди ҳиссаи кишварҳо дар озмун лозим нест ва «Евровидение-2026» бояд бо иловаи тадбирҳои амниятӣ дар формати пешбинишуда баргузор гардад.

Президенти Исроил Исхак Герсог ин тасмимро «ишораи пурқимати ҳамбастагӣ, бародарӣ ва ҳамкорӣ» номид.

Бахши русии bbc.com чанд кишвар хостори хориҷ кардани Исроил аз сабаби ҷанг дар Ғазза ва инчунин ба далели гумонҳо дар бораи дасткории овоздиҳии «Евровидение-2025» буданд. Ду соли охир «Евровидение» дар фазои эътирозҳо алайҳи иштироки Исроил мегузарад. Мухолифон мегӯянд, ки идомаи амалиёти низомии Исроил дар Ғазза бо арзишҳои фарҳангӣ созгор нест.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад