CАЙЁҲАТ7 хатсайри сайёҳии ноҳияи Ховалинг

7 хатсайри сайёҳии ноҳияи Ховалинг

-

Ховалинг аз зумраи минтақаҳоест, ки бо мавзеъҳои ҷолибу назаррабои худ диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Тибқи маълумоти мақомоти ноҳия ҳамасола даҳҳо ҳазор сайёҳ аз ин минтақа дидан мекунанд. Бинобар ин, ҷиҳати васеъ намудани ҳудуди он соли 2019 харитаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг таҳия гардид ва дар харитаи мазкур хатсайрҳои сайёҳӣ, ки 7 ададро ташкил медиҳад, ҷой карда шуд.

Хатсайри якум. Ховалинг — Ҳавзи таърихии Шехмизон — маркази шаҳри Мунки қадим – ҳавзи таърихии Доробӣ— таҳҷои маъбади Буддои Чепол — «Сангтуда-1», «Сангтуда-2» — Бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоии «Лоҳутӣ-1», «Лоҳутӣ-2», «Оби Мазор», Сари ҷар Кулдара ва Мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ.

Хатсайри дуввум. Ховалинг — «Сангтуда-3» — «Сангтуда-4» —  Мазори Ҳазрати Султон — истиқоматгоҳи Палеолити болои асри сангӣ «Дӯстӣ»—  осорхонаи Восеъ —  Чилчанор — чашмаи Қазған — осорхонаи ноҳияи Ховалинг.

Хатсайри саввум.  Маркази Ховалинг — Дараи Мухтор – Сурсакова — Хавзако— Димаҳмуд.

Хатсайри чаҳорум.  Маркази Ховалинг — Салаи Қозӣ  —  Сафедсанг — Санги Рама — Сари Кро.

Хатсайри панҷум. Ховалинг — «Сангтуда-5» — Хонакоҳи Севодара— Сангдара — Чилдухтарон — Куҳи Аждаҳор — сиёҳфарк — Талбар.

Хатсайри шашум. Маркази Ховалинг — Мазори  Ҳазрати  Султон — Руйи Об — Шаршараи Пушти Боғ.  Хатсайр бо истифода аз мошин ва хару асп.

Хатсайри ҳафтум. Ҳулбук — оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ– Сангтуда — осорхонаи Восеъ – Чилчанор — осорхонаи ноҳияи Ховалинг- кӯҳи Чилдухтарон — Мазори Хазрати Султон — Шаршараи Сари Хосор.

Тавассути хатсайрҳои мазкур, ки қисми он роҳи мошингард надорад ва аз онҷо ба воситаи хару асп метавон гузар кард, ҳамасола ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷӣ дидан намуда, аз таъриху фарҳанги ин мавзеъ шинос мегардад. Ба таъкиди роҳбари осорхонаи ноҳии Ховалинг Амир Саиди Мункӣ, таъсиси харитаи сайёҳӣ таваҷуҳи сайёҳонро ба ноҳия боз ҳам бештар намудааст.

“Мо якчанд хатсайрҳоро пешниҳод карда будем. Хатсайрҳо дар як китобчае, ки “Ховалинг ганҷинаи табиат ва тамаддуни башарӣ” ном дорад нашр гардидааст. Гарчанде хатсайрҳои мазкур ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест, аммо умед ҳаст, ки дар оянда бо инфросохтори зарурӣ таъмин гардида, ҳамчун як марказ ба мардум хизмат мерасонад.”,-таъкид намуд роҳбари осорхонаи ноҳии Ховалинг Амир Саиди Мункӣ.  Ба қавли мавсуф, дар худуди ин ноҳия беш аз 50 макони таърихӣ вуҷуд дорад ва бозёфтҳо шаҳодати онанд, ки Ховалинг қадимтарин макони сукунати одамон дар Осиёи Миёна ҳаст.

Раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати ҶТ Тоҷиддин Ҷуразода мегӯяд, оянда инфросохтори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг беҳтару хубтар гардида, таваҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин минтақа боз ҳам зиёдтар мегардад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ феҳристи мавзеъҳои сайёҳиро таҳия кардааст, ки дар ин миён Ховалинг бо мавзеъҳои ҷолиби худ мавқеъи муайянеро ишғол намудааст. Оянда мо дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии ин ноҳия корҳои зиёдеро ба анҷом хоҳем расонид.  Имрӯз мо тасмим гирифтаем, ки дар доираи ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ ташаббуси “Trails”-ро мавриди барасӣ қарор диҳем. Бояд гуфт, ки “Trails” хатсайрҳое мебошад, ки он пиёдагард аст ва дар онҷо саёҳон танҳо ба воситаи аспу хар метавонанд гаштугузор намоянд. Бе рушди хатсайрҳои сайёҳӣ дар маҳал мо наметавонем, ки таваҷуҳи саёҳони хориҷиро ба кишвар ҷалб намоем.”

Ба андешаи мавсуф, Ховалинг барои рушди сайёҳи мувофиқу мусоид буда, дар оянда метавонад яке аз марказҳои муҳими сайёҳӣ бошад.

Бояд гуфт, лоиҳаи Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои  солҳои 2019-2025  таҳия гардидааст ва дар доираи консепсияи мазкур имкониятҳои сайёҳӣ дар ин минтақа марҳила ба марҳила тараққӣ хоҳад кард.

Баҳруллои М.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад