МУВАФФАҚИЯТМурсал чаро чеҳраҳои шинохтаро тасвир мекунад?

Мурсал чаро чеҳраҳои шинохтаро тасвир мекунад?

-

Мурсал Беки 18-сола чеҳранигори муваффақ аст. Ӯ шаҳрванди Афғонистон буда, соли чаҳорум аст, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад.

Мурсал дар 14-солагӣ ҳамроҳ бо волидонаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овард ва дар инҷо рӯзҳоро бо рассомӣ пушти сар мекунад. Дар жанри чеҳранигорӣ ҳунарашро сайқал медиҳад ва то кунун чеҳраи беш аз 30 шахсияти шинохтаро тасвир намудааст. Тасвири овозхони саршиноси амрикоӣ Райҳонна (Рианна) намунае аз кори ӯст.
“Ҳунари рассомӣ бахшҳои мухталиф дорад. Инҷониб ба чеҳранигорӣ алоқаи хос дорам ва дар ин ришта зеботар метавонам рассомӣ кунам.”, — мегӯяд Мурсал.

Ин рассоми ҷавон ҳунари худро назди як рассоми афғон, ки дар Тоҷикистон паноҳанда аст, такмил медиҳад ва моҳи сеюм аст, ки ӯ ба мактаби рассомии Умар Хомӯш, рассом ва муҷассамасози шинохтаи Афғонистон меравад.

Умар Хомӯш соли 2021 бо аҳли оилааш  ба Тоҷикистон  омада, дар шаҳри Ваҳдат  дукони рассомии  худро боз карда, дар онҷо ба ҳавасмандон рассомиро меомӯзонад…

Дукони рассомии Умар Хомӯш

Тасовири Мурсал моҳи май дар намоишгоҳи расмҳо, ки дар ҳошияи Конфронси озодии сухан дар меҳмонхонаи «Ҳайёт Реҷенсӣ»-и Душанбе доир гардид, ба намоиш гузошта шуд.
Мурсал ҷоизадори озмунҳои гуногуни рассомӣ низ мебошад ва ҳанӯз 9 сол дошт, ки дар мусобиқаи рассомии телевизиони “Ориёно”-и Афғонистон ширкат варзида, соҳиби мақоми аввал гардид.

Рассоми ҷавон дар Tik-Tok ва Instagram намунаи кори хешро ба иштирок мегузорад:
“Ҳар гоҳ расмҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунам, корбарони зиёде маро тавсифу ташвиқ мекунанд. Вақте шарҳҳои мусбати дӯстону обуначиёнро мебинам, энержии мусбат мегирам ва мекӯшам бештару беҳтар рассомиву наққошӣ кунам.”
Мурсал донандаи забонҳои инглисӣ ва фаронсавӣ буда, мехоҳад дар Фаронса ё Канада зиндагӣ намояд ва рассоми  ҳирфаӣ гардад.

Ардашери Пайванд

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
2
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад