БИЗНЕС-КЛУБYouTube барои бастани ҳисоби Трамп $24,5 млн ҷуброн пардохт...

YouTube барои бастани ҳисоби Трамп $24,5 млн ҷуброн пардохт мекунад

-

Ютуб розӣ шуд, ки барои бастани ҳисоб ё аккаунти Доналд Трамп 24,5 миллион доллар ҷуброн пардохт кунад. Шабакаи мазкур маблағро барои ҳаллу фасли даъвои судии президенти ИМА вобаста ба муваққатан маҳдуд кардани аккаунти ӯ дар соли 2021 ҷудо намудааст.

Аз ин маблағ 22 миллион доллар ба созмони Trust for the National Mall, ки масъули сохтмони яке аз толорҳо дар Қасри Сафед мебошад, равона мешавад. Қисми боқимонда байни даъвогарони дигар тақсим карда мешавад.

Дар моҳи январ Meta Platforms барои парвандаи бастани ҳисоби Трамп дар Facebook 25 миллион доллар пардохт кард. Ширкати X низ бо ӯ оид ба даъво нисбат ба Twitter бо маблағи 10 миллион доллар созиш кард.

Аккаунтҳои Трамп дар Facebook, Instagram, YouTube ва Twitter баъд аз ҳодисаҳои 6 январи соли 2021, вақте ки ҷонибдоронаш ба нишони норозигӣ аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ ба бинои Конгресс (Капитолий) ворид шуданд, баста шуданд. Роҳбарияти шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор дошт, ки Трамп бо изҳороташ метавонад ба хушунат таҳрик диҳад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад