КОМЁБФаррух Умаров: ман "БОСС" нестам, ёвари ҳамкорон ҳастам!

Фаррух Умаров: ман «БОСС» нестам, ёвари ҳамкорон ҳастам!

-

Муаррифи яке аз лоиҳаҳои “Ilmhona». Акс аз саҳифа instagram-и Фаррух Умаров

Фаррух Умаров, директори маркази омӯзишии  “Ilmhona» худро дар коргоҳ босс намедонад, баръакс, хешро ходим ва ёвари ҳайати ҳамкорон мегӯяд. Мехоҳад “Ilmhona» дар саросари кишвар фаъолият намояду хизмати як донишгоҳи соҳавиро  дар бахши барномасозиву IT анҷом диҳад. 

Ӯ 28 сол дошта, мухлиси ашадии клуби Реал Мадрид аст. Маркази таъсисдодаи ӯ ва дӯстонаш ба омода кардани мутахассисони соҳаи IT авлавият медиҳад.

Коргоҳи хурди худро, ки се сол боз дар он фаъолият доштанд, акнун тарк мекунанд ва ба як коргоҳи бузургу барҳаво, ки таъмираш идома дорад, кӯч хоҳанд баст.

«Давраи бачагӣ мисли дигар тоҷикбачаҳо зиндагии оддие доштем. Падарам мисли дигарон муҳоҷират мерафтанд. Агарчи даврони Шӯравӣ яке аз мутахассисони хубе буд. Яъне, бисёр чиро барои мо қурбон  кард.», -ба ёд меорад ӯ.

Маркази омӯзишии “Ilmhona” аз замони фаъолияташ, ки вақти зиёде нашудааст,  садҳо барномасозу дизайнер омода кардааст.

Соли 2018 гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик-Фардавс Абдуназаров, Шуҳрат Шарифов ва Фаррух Умаров маркази омӯзишиеро боз карданд, ки дар муддати кӯтоҳ барномасози касбии компютер омода мекунад.

Фаррух мегӯяд, идеяи таъсиси чунин марказ баъди хатми донишгоҳи Оксфорд дар зеҳнаш пайдо шуд:

“Замони таҷрибаомӯзиам дар Исроил мушоҳида намудам, ки ин кишвар барномасозонро аз давлатҳои гуногун даъват мекунад ва бо ҷойи кору маоши хуб таъмин менамояд. Он вақт дарк кардам, ки дар замони муосир ин касб хеле зарурӣ аст. Ба ин хотир, тасмим гирифтам дар Тоҷикистон як маркази омӯзишӣ таъсис диҳам.”

Аз замони таъсиси марказ нафарони зиёде “Ilmhona”-ро хатм намудаанд, ки ҳудуди панҷоҳ нафари онҳо бо пешниҳоди “Ilmhona” дар ширкатҳои бонуфӯзи ватанию хориҷӣ ба ҳайси барномасоз ва дизайнер ба кори доимӣ таъмин шудаанд.

Маркази “Ilmhona” дар се равия мутахассис омода мекунад:

  • Барномасозии WEB;
  • Сохтани барномаҳои мобилӣ;
  • Дизайн

Маркази омӯзишии  “Ilmhona” барои нафароне, ки бо баҳои аъло ин ҷоро хатм мекунанд, имтиёз медиҳад. Агар маҷмӯи холи донишҷӯ дар имтиҳон боло бошад маблағи пардохтаи ӯ пурра баргардонида мешавад. 

Фаррух Умарӣ мегӯяд, ҳамарӯза барои пешниҳоди мутахассис аз ҷониби “Ilmhona” муроҷиат зиёд аст. Амо на ҳама ҳамеша хоҳиши онҳо қонеъ карда мешавад, зеро, талабгорон хеле зиёданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад