ВАРЗИШПирӯзии Руҳафзо Ҳақназарова дар Туркия

Пирӯзии Руҳафзо Ҳақназарова дар Туркия

-

Муштзани тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова (вазни 50кг) дирӯз, 12 май дар Чемпионати ҷаҳон намояндаи Боливия Айда Санталларо шикаст дод. Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома мекунад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат ширкат дошта, Тоҷикистонроморо дар ин мусобиқаи бонуфуз ба ғайр аз Руҳафзо инчунин Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг), Миҷгона Самадова (57кг) ва Шоира Зулқайнарова (63кг) намояндагӣ мекунанд. Шоира низ дар даври аввал бар намояндаи Ковейт Ҷ. Нура пирӯз гардида буд.

Сумайя Қосимова дар вазни 48кг дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғория), Миҷгона Самадова (57кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Руҳафзо Ҳақназарова дар даври дуюм бо варзишгари Колумбия Ингрит Лорена Викториа рақобат менамояд. Ҳарифи Шоира Зулқайнарова дар даври дуюм Ҳадунг Ҷионг аз Корея мебошад. Ҳар ду муҳориба 15 май сурат мегирад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Бе мактаби рассомӣ, бо муҳаббат ба ҳунар: қиссаи Шуҳрат Ахмиддинов

Шуҳрат Ахмиддинов аз 10-солагӣ ба рассомӣ рӯй овард. Ӯ мактаби рассомӣ нахондааст, зеро, ин имкониятро надошт ва наққоширо ба...

Игор Ангеловский: мо комилан бартарӣ доштем ва бар Чин сазоворона пирӯз шудем

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Игор Ангеловский пирӯзии дастаашро бар мунтахаби Чин дар бозии дӯстона, ки имрӯз, 6 октябр дар шаҳри...

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя — 2026 ба Ватан баргаштанд

Субҳи 7 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқболи ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон — иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёии Айичӣ–Нагоя...

Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ба муаллимаи забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи...
spot_imgspot_img

Парвати Рамасвами ба сармоягузорӣ барои таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон таъкид кард

Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами таъкид намудааст, ки вақте мо ба таҳсил ва рушди малакаҳои роҳбарии занон ва духтарон...

Натиҷаи бозӣ мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун: 1:1

Дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ кард.Вохӯрӣ...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад