МУВАФФАҚИЯТКӣ ба донишомӯзони афғон кумак мекунад?

Кӣ ба донишомӯзони афғон кумак мекунад?

-

Дар маҳфили фарҳангии тоҷикону афғонҳо Ҷон Марк Помершайм, сафири ИМА дар Душанбе,  Вайн Зин, роҳбари корҳои байналмилалии Ташкилоти ҷамъиятии «Spirit of America»  ва Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат ширкат карданд. 

Чорабинии мазкур дар Маркази эҷодии кӯдакону наврасони шаҳри Ваҳдат баргузор гардида, беш аз 100 толибилми тоҷику афғон ба ҳам омаданд.

Феълан беш аз 500 толибилм аз ҳисоби гурезагони афғон дар шаҳри Ваҳдат иқомат мекунанд. Ташкилоти ҷамъиятии «Spirit of America» дар ҳамкорӣ бо сафорати Амрико дар Душанбе, мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Ваҳдат ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ барои соҳибилм шудани наврасони афғон кумак мекунанд.

Сафири ИМА зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар оянда низ барои ҷалби паноҳҷӯёни афғон дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Масъули равобити байналмилалии Ташкилоти ҷамъиятии «Spirit of America» Вайн Зин аз дастгириву ҳамкории сафорати ИМА ва мақомоти маҳаллии шаҳри Ваҳдат сипосгузорӣ карда, ҳамзамон, қайд кард, ки ташкилоти «Spirit of America» барои кумаки паноҳҷӯён боз 100 ҳазор доллар кумак мекунад.

Ташкилоти мазкур охири соли гузашта идомаи фаъолияти мактаби Сомониён, ки дар он донишомӯзони афғон таҳсил мекунанд  80 ҳазор доллар дода буд.

Довуд Акобиров

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад