МУВАФФАҚИЯТОхирин нақши Назирмати Мусо дар филм, ки худ онро...

Охирин нақши Назирмати Мусо дар филм, ки худ онро надид

-

Филм кӯтоҳи ҳунарии “Бозгашт”, ки дар он шодравон Назирмати Мӯсо нақш бозида буд, ба намоиш гузошта шуд.

Охирин нақшро Назирмати Мӯсо дар ин филм бозид, вале онро надида дунёро тарк кард. 17 май соли 2021 замоне, ки филм дубляж мешуд, Назирмати Мусо бар асари сактаи қалб аз олам чашм пӯшид.

Филми мазкур бо коргардонии роҳбари Муассисаи давалатии вилоиятии “Хатлонсинамо” Зафари Валӣ рӯи пардаи синамо омада ва дар он ҳунармандон Назирмати Мӯсо, Муҳаммад Алӣ Маҳмадов, Моҳпайкар Ёрова, Савригул Қурбонова, Ҷовидон Маҳмадов ва дигарон нақш офариданд. Муаллифони филмном  Акбари Ёр ва Далер Ҳасанзода мебошанд.

Филм ахиран дар кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар намоиш дода шуд. Филми мазкур аз зиндагии марде қисса мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ  хонанди мактабро бо мошин пахш мекунад ва аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Бо гузашти солҳо чунин ҳодиса боз ба сари  худаш меояд. Бархурди мард бо чунин мушкилот ва инъикоси зиндагии духтар дар аробачаи маъюбӣ дар меҳварии асоси филм филм мебошад.

Нахустнамоиши филм кӯтоҳи ҳунарии “Бозгашт” ба ёдбуди ҳунарманди халқии Тоҷикистон Назирмати Мусо бахшида шуд ва қабл аз намоиши филм, филми мустанади “Сиришт”, ки ҳаёт ва фаъолияти Назирмати Мусоро дар бар мегирад, пешниҳоди аҳли толор гардид.

Назирмад Мӯсоев 22 декабри соли 1952 дар ноҳияи Маскав (Ҳамадонии кунунӣ)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кигнематография (ВГИК) дар Маскавро хатм намуда, дар даҳҳо филмҳои замони шӯравӣ ва солҳои соҳибистиқлолии кишвар нақшаҳои мондагоре бозидааст.

О. Маҳмад

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад