ОЛАМИ МАҶОЗӢНиҳодҳои давлатии марказии Чин набояд iPhone истифода баранд

Ниҳодҳои давлатии марказии Чин набояд iPhone истифода баранд

-

Ба ниҳодҳои давлатии марказии Чин дастур дода шудааст, ки iPhone ва дигар дастгоҳҳои тамғаи хориҷиро бо ҳадафҳои корӣ манъ намоянд. Дар ин бора рӯзномаи The Wall Street Journal хабар додааст.

Манъи истифодаи смартфонҳои хориҷӣ тавассути чатҳои корӣ, эълонҳо ва ҷаласаҳои вижа ба таваҷҷӯҳи хизматчиёни давлатӣ расонида шуд. Ғайр аз ин, ба онҳо на танҳо дар ҷои кор истифода бурдани дастгоҳҳо, балки ба идора овардан ҳам манъ гардид. Қаблан ин гуна маҳдудиятҳо дар бархе аз ниҳодҳо ва идораҳо ҷорӣ буд, ҳоло ба «доираи васеъ»-и мансабдорон дахл дорад. Чин инчунин барои муддати тӯлонӣ таҷҳизоти компютерӣ ва нармафзори истеҳсолкунандагони хориҷиро бо ватанӣ иваз карданист

Чунин чораҳо метавонанд ба тиҷорати Apple Corporation, ки дар бозори смартфонҳои баландсифати Чин  пешсаф аст, таъсири манфӣ гузорад.

Соли 2019 ИМА ширкати бузурги истеҳсолкунандаи смартфони чинии Huawei-ро ба далели таҳдид ба амнияти миллӣ ба рӯйхати сиёҳ ворид кард. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин ба ниҳодҳои давлатии худ харидорӣ ва истифодаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ аз ширкатҳои чинии ZTE, Hytera Communications Corporation, Hangzhou Hikvision Digital Technology ва Dahua Technology-ро манъ карда буд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад