МУВАФФАҚИЯТ27 муштзани тоҷик ба Урдун мераванд

27 муштзани тоҷик ба Урдун мераванд

-

Аз 27 феврал то 15 марти соли равон дар шаҳри Уммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар назар аст.
Ба иттилои Кумитаи олимпии Тоҷикистон, рӯзи аввали муҳорибаҳо 2-юми март, муҳорибаҳои финалӣ 13 ва 14 март ба нақша гирифта шуда, дар миёни ҷавонон 51 чемпион миёни бонувону мардҳо ва миёни наврасон низ 51 чемпион миёни духтарон ва писарон муайян карда мешаванд.
Варзишгарони соли таваллудашон 2004-2005 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни ҷавонон ва варзишгарони соли таваллудашон 2006-2007 ҳуқуқи ширкат дар мусобиқа миёни наврасонро доранд.
Аз Тоҷикистон 27 варзишгар ба Урдун сафар мекунанд, ки 5 нафарашон бонувон ҳастанд.

Ҷавонон:
48кг – Меъроҷ ЗОИДОВ
51кг – Асламҷон ҚУРБОНОВ
54кг – Бузургмеҳр ИКСАНОВ
57кг – Абубакр МУРОДОВ
60кг – Абдураҳим ЁҚУБОВ
63,5кг – Саддам ДАВЛАТОВ
67кг – Анӯшервон АҚНАЗАРОВ
71кг – Юсуф ФОЗИЛОВ
75кг – Нурланбек ЕРМАТОВ
80кг – Диёр СУЛТОНОВ
86кг – Акмалҷон АБДУВАЛИЕВ
92кг – Парвиз АХМЕДОВ
50кг – Фариза ЁҚУБОВА
54кг – Насиба ШАРИФЗОДА
57кг – Бибиҷон МУЗАФФАРОВА
60кг – Бибинишастамо ХОЛОВА

Наврасон
46кг – Анушервон ФОЗИЛОВ
48кг – Меъроҷ СУФИҶОНОВ
50кг – Ҷаъфар ҲАКИМОВ
52кг – Дамир МУИБАЛИХОНОВ
54кг – Руслан ҒАФУРОВ
60кг – Рустамҷон АШУРОВ
66кг – Усмоншайх УСМОНОВ
70кг – Мирзобахтиёрхон АТОЕВ
75кг – Аъзам ФОЗИЛОВ
+80кг – Фирӯз РАҶАБОВ
57кг – Ҳангома ИСОЕВА
Варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Парвиз Ахмедов, Носирҷон Азимов, Ҷамшед Султонов, Мамадҷон Сулаймонов, Саидхоҷа Маъмуров, Тоирҷон Аглухов, Масрур Шобеков, Муродхон Аскаров, Хуршед Абдуллоев ва директори иҷроияи Федератсияи бокси Тоҷикистон Комрон Файзов ҳамроҳӣ мекунанд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад