МУВАФФАҚИЯТИштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Истанбул

Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Истанбул

-

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул бори даҳум ширкат мекунад. Пас аз танаффуси кӯтоҳ ба сабаби пандемияи Ковид-19, кишвар иштирокро дар ин намоишгоҳ идома хоҳад дод.

Аз соли 2012 ба баъд, зиёда аз 15 ширкат аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ, ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар минтақа унвон мешавад, ширкат кардаанд. 

Маҳсулоти чор корхонаи ресандагӣ девораи Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ оро медиҳад: “Ваҳдат Текстил” (Ёвон ва Душанбе), “Ресандаи Хатлон” (Кӯшониён), “Стандарт Текстил” (Спитамен), ва “ХИМА Текстил” (Ёвон). Чор корхонаи дигар ҳам дар ҳайъати Тоҷикистон ба намоишгоҳ барои боздид, омӯзиши равандҳои нав, харидории маводи хоми лозима ба монанди риштаи омехта ва аксессуарҳо ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ мераванд: “Ноҳид” (Истаравшан), “Органик Ярн” (Ҷаббор Расулов), “Раҳимов А.А.” (Хуҷанд), ва “ТоҷТекс” (Душанбе).

Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул дар соли 2022 мизбони беш аз 300 иштироккунанда ва зиёда аз 10 000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, садҳо навъи риштаву ресмонҳои табииву сунъӣ, ба монанди риштаи пахтагин, пашмин, абрешимӣ, эластан, акрил, вискоза ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Акс аз сомонаи https://www.shoes-report.ru/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад