МУВАФФАҚИЯТСистемаи ҷустории миллиро дар Тоҷикистон кӣ месозад?

Системаи ҷустории миллиро дар Тоҷикистон кӣ месозад?

-

Файзуллоҷон Сафаров

Як ҷавони тоҷик системаи ҷустории миллиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карданист.

Ба бовари ин ҷавон, системаи ҷустуҷӯ бо забони тоҷикӣ дар замони муосир нуктаи зарурии низоми мустақилӣ, амнияти миллӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ маҳсуб мешавад.

Системаи ҷустуҷӯ-маҷмӯи сахтафзор ва нармафзорест, ки барои иҷрои вазифаи ҷустуҷӯ дар Интернет ва посух додан ба дархости мизоҷон пешбинӣ шудааст.

“Рушди системаи миллии ҷустуҷӯ бо дарназардошти вижагиҳои миллии фазои иттилоотии кишвар ва пайвастани он бо барномаҳои давлатӣ бояд ба роҳ монда шавад.”,мегӯяд Файзуллоҷон Сафаров, устоди калони кафедраи Технологияҳои иттилоотӣ ва автоматикунонии филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе.

Ба бовари Файзуллоҷон, таъсиси системаи миллии ҷустуҷӯ (муҳаррики ҷустуҷӯ)  қадами муҳим дар рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон аст.

Зиндагии муосирро бемуҳаррикҳои ҷустуҷӯӣ тасаввур кардан душвор аст. Бинобар ин, зарурати таъсиси системаи миллии ҷустуҷӯ ба забони тоҷикӣ ба миён омада, ки аз он мизоҷон истифода карда тавонанд, забони модарӣ ва ё забони кориашон тоҷикӣ аст.

Ҳамарӯза миллионҳо ҳуҷҷатҳои нав дар Интернет пайдо мешаванд, табиист, ки бе системаҳои ҷустуҷӯ аксарияти онҳо беаҳамият боқӣ мемонанд, онҳоро касе умуман намеёбад ва ҳамаи ин миқдори бузурги маълумот бефоида аз байн меравад.

Роҳи маъмултарин ва истифодашавандаи ҷустуҷӯ дар Интернет ин истифодаи системаҳои ҷустуҷӯӣ мебошад.

Файзуллоҷон Сафаров дар як суханронии хеш таъкид мекунад, ки “Системаи миллии ҷустуҷӯ ба забони тоҷикӣ бояд тамоми манбаъҳои маълумот ва захираҳои иттилоотиро, ки ин ё он шакле, ба Тоҷикистон марбут аст, муттаҳид созад. Ин захираҳо дорои хусусиятҳои муайян хоҳанд шуд. Пеш аз ҳама забони давлатӣ, ҳар чизе, ки ба миллати бумӣ, тамоми тоҷикон ва тамоми сарватҳои тоҷикӣ дахлдорад, яъне комилан ҳама маълумоте, ки мафҳуми «миллиро» дар бар мегирад.” Даровардани системаи мазкур ба мо техника ва кумаки пулию молӣ лозим аст, ки бе онҳо идомаи кор мушкил аст.

Мутахассисони мо системаи миллии ҷустуҷӯии иттилоотро таҳия ва пешрафттар мегардонанд ва ин имкон медиҳад, ки дархостҳои ҷустуҷӯӣ бо дараҷаи баланди дақиқ тартиб дода шаванд, ки ин, албатта, аҳамияти натиҷаҳои бадастомадаро ба таври назаррас афзоиш дода истодааст.

Таҳлили дархостҳо ба забони тоҷикӣ аҳамияти амалии системаи ҷустуҷӯии миллиро равшан нишон хоҳад дод.

Фурқати Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
17
+1
0
+1
0
+1
0
+1
2
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад