НАВИД152 медали тиллои донишомӯзони мактабҳо дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ

152 медали тиллои донишомӯзони мактабҳо дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ

-

Аз аввали соли 2021  1059 нафар хонандаи боистеъдоди макотиби миёна дар 36 олимпиадаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Ҷопон, Сингапур, Португалия, Туркия, Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Федератсияи Русия, Малайзия, Руминия, Италия, Латвия, Маҷористон, Англия, Ӯзбекистон, Фаронса, Африқои Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардиданд, иштирок ва сазовори 648 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 79 медали тилло, 190 медали нуқра ва 379 медали биринҷӣ гардиданд.

Инчунин хонандагон аз муассисаҳои таълимӣ тариқи фосилавӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, 798 хонанда дар 14 олимпиадаи фосилавӣ сазовори 523 ҷойи ифтихорӣ (53 медали тилло, 149 медали нуқра ва 321 медали биринҷӣ) гардиданд.

Дар баробари ин, хонандагони дар Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» -Анталия (биология, география, забони русӣ, забони англисӣ ва ғайра), олимпиадаҳои лоиҳавии Авроосиёии даставии барномасозӣ барои хонандагон ва Олимпиадаи байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон “Жалдосбек” иштирок намуда, сазовори 76 ҷойи ифтихорӣ (20 медали тилло, 27 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ) гардиданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
3
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад