Без рубрикиВазорати тандурустӣ бо фассод чӣ гуна мубориза мебарад?

Вазорати тандурустӣ бо фассод чӣ гуна мубориза мебарад?

-

Дар акс Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар. Акс аз саҳифаи фейсбукии ин вазорат

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки аз рӯзи аввали ба фаъолият пардохтанаш ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ҳушдор дода буд, ки бо ин ё он баҳона аз зертобеъони худ маблағ ҷамъоварӣ накунанд. Дар сурати собит шудани чунин ҳолат онҳо қадами худро ба муассисаи тандурустӣ намегузоранд.

Ин вазир таъкид мекунад, ки то ҳол ин мавқеаш тағйир наёфтааст. Дар сурати муроҷиатҳо ва собит шудани ҳолат зертобеъонашро аз кор меронад.

 

View this post on Instagram

 

A post shared by Jom Tojikiston (@jomtojikiston)

Ӯ ин ҳарфҳоро баъд аз он баён дошт, ки хабарнигорон аз ҳолатҳои ҷамъоварии дар баъзе муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, дар беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ паён доштанд. 

Тандурустӣ яке аз соҳаҳои ҳассос барои ҳар як давлат ва ҷомеа мебошад. Сифат ва дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ба ҳаёт ва саломатии мардум бевосита вобаста аст ва ҳолатҳои ҷамъоварии маблағи ғайриқонунӣ метавонад ба тамоми низоми тандурустӣ доғ гузорад.

Ба иддаои ин вазорат, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва мақсадноки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021 -2025) бо фармоиши дахлдори Вазорати тандурустӣ нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои то солҳои 2022 тасдиқ гардида, иҷрои он дар ҳама муассисаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳру ноҳиявӣ таъмин гардид.

Инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 «Дар бораи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият» бо фармоишҳои дахлдори Вазорат гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, нақшаи амал вобаста ба баҳодиҳӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ барои  солҳои 2023 -2024 тасдиқ гардид.

Соли гузашта Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор намуд. Дар ин конфронс директори Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ширкат карда буданд. 

Аввали июни соли 2025 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи  намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад карда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки коррупсия дар соҳаи тандурустӣ ба дастрасии ёрии тиббии ройгони давлатӣ монеа эҷод карда, ба саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва шаффофияти хизматрасонии тиббӣ халал мерасонад. Иштирокчиёнро даъват намуданд, ки тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ аз амалҳои коррупсионӣ худдорӣ намуда, қонунҳои соҳавиро дар самти муқовимат ба коррупсия дар фаъолияташон қатъиян риоя намоянд.

Нуриддин Сайфиддинзода, сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Оҷонсии зиддифасод дар минбар суханронӣ менамояд. Акс аз anticorruption.tj

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён нақши муҳим мерасонад.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои ХХ- Осиё

JOM. Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳии Бозиҳои 20-уми Осиё дар Айти-Нагояи Ҷопон. 19 сентябр, бо баргузории маросими...

Пойафзоли варзишии Майкл Ҷордан дар музояда фурӯхта шуд

Пойафзоли варзишии баскетболбози амрикоӣ Майкл Ҷордан, ки дар мавсими 1995/96 муқобили «Сиэтл Суперсоникс» бозӣ карда буд, дар музояда (ауксион)...

250 сол озодӣ, 35 сол шарикӣ: чӣ ба даст омад?

Ҳамкории мо дар соҳаи фарҳанг низ густариш меёбад.  Дар давоми бисту панҷ соли дар доираи лоиҳаҳои Фонди сафирон барои...

Оё дар Моҳ шаҳр сохтан мумкин аст? Олимон ба захираи об шубҳа доранд

Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар...
spot_imgspot_img

ProPublica: Умар Кремлёв як қисми хароҷоти тӯйи писари Трампро пардохт кардааст

Мақоми варзишии Русия ва олигарх Умар Кремлёв хароҷоти иҷораи ҷазираи хусусӣ ва оташбозӣ ё фейерверкро барои баргузории тӯйи Доналд...

Вазири фарҳанги Исроил хост шаҳрвандии ду коргардони барандаи «Оскар» бекор карда шавад

Вазири фарҳанги Исроил даъват кард, ки шаҳрвандии коргардонҳои исроилӣ Ювал Авраҳам ва Рейчел Сзор, барандагони ҷоизаи "Оскар", ки филми...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад