МУВАФФАҚИЯТМедалҳои Меҳрангезу Амирҷон аз Олимпиадаи “COPERNICUS”

Медалҳои Меҳрангезу Амирҷон аз Олимпиадаи “COPERNICUS”

-

Меҳрангез ва Амирҷон ҳамроҳ бо устодашон

Меҳрангез ва Амирҷон ду тан иштирокчии Олимпиадаи байналмилалии “COPERNICUS” аз «Литсей барои хонандагони  болаёқат»-и шаҳри Хуҷанд  ҳастанд, ки ахиран бо медал ба Ватан баргаштанд.

Олимпиадаи “COPERNICUS” аз фанҳои табиатшиносӣ, физика ва нуҷум рӯзҳои 8 – 16-и январи соли равон  дар Осорхонаи илми ва фановарии шаҳри Ҳюстини Иёлоти Техаси Амрико доир гардид.

Дар Олимпиадаи “COPERNICUS” 2000 довталаб аз 50 кишвар ширт варзиданд. Аз Тоҷикистон 15 донишомӯз- 9 хонандаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз шаҳри Душанбе ва 6 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур ширкат варзиданд.

Аз 6 иштирокчии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд як нафар ҷойи дуюм ва панҷ нафар мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Донишомӯзони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд -Меҳрангез Абдуллоева аз фанни нуҷум  ва Амирҷон  Абдуллозода аз фанни физика дар олимпиада мақоми сеюм ва соҳиби медал гардиданд.   

Ҳарду аз сафари Амрико таассуроти хубе бардоштаанд. Барояшон Иёлоти Техас ва осорхонаи Бостон хеле писанд омадааст. Бо иштирокчиёни Олимпиада аз дигар кишварҳо дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон низ нақл кардаанд.

“Паҳлӯи дигари фаромӯшнашудании олимпиада  ин буд, ки мо   бо соҳибзабонон англисӣ суҳбат карда, малакаи суханвариамонро сайқал додем. Ният дорем, ки  баъди хатми Литсей таҳсилро дарДонишгоҳҳои Амрико давом диҳам.”, — гуфтанд Меҳрангезу Амирҷон дар суҳабт бо мо. 

Файзуллохон Обидов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
7
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад