НАВИДЧаро 258 миллион кӯдак аз мактаб берун монд?

Чаро 258 миллион кӯдак аз мактаб берун монд?

-

Айни ҳол 258 миллион кӯдаку наврас аз мактаб берун мондаанд. Бинобар ин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ аз 3 декабри соли 2018 (A/RES/73/25) 24 январро Рӯзи байналмилалии маориф эълон намуда, нақши онро дар ноил шудан ба сулҳ ва рушд муҳим донист.

Дар қатънома таҳсилот барои ноил шудан ба рушди устувор муҳим шумурда шуда, таъкид мегардад, ки маориф маҳсулнокии инфиродӣ ва иқтидори рушди иқтисодиро боло бурда, камбизоатию гуруснагиро решакан ва ба солимию баробарии гендерӣ мусоидат менамояд.

Дар ҳуҷҷат ҳамчунин гуфта мешавад, ки бояд барои фарогирӣ тамоми муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаю касбӣ ва донишгоҳҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд то ҳар як шахс дар ҳаёт имкон ба таҳсил дошта бошад.

Таҳсил ҳуқуқи ҳар як шахс аст, ки дар моддаи 26-и Эъломияи  ҳуқуқи башар сабт шудааст. Эъломия даъват мекунад, ки барои ҳама таҳсилоти ибтидоӣ ройгон бояд бошад. Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки соли 1989 қабул шудааст, дар бораи ӯҳдадории давлатҳо барои таъмини дастрасии таҳсилот таъкид меварзад.

Мутаассифона, тибқи маълумоти СММ айни ҳол 258 миллион кӯдакону наврасон аз мактаб берунанд; 617 миллион кӯдак малакаҳои ибтидоии хонишу ҳисобро надоранд; камтар аз 40%-и духтарон дар ҷануби Сахараи Африқо маълумоти ибтидоиро мегиранд. Тақрибан чор миллион кӯдак ва ҷавони гуреза аз мактаб берун мондаанд. Ин кӯдакон аз камбизоатӣ, табъиз, низоъҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои тағирёбии иқлим азият мекашанд. Муҳоҷирати иҷборӣ ба маориф низ таъсири манфӣ расонидааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад