ЗАБОНОМӮЗӢҒолибони даври шаҳрии Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"...

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» киҳоянд?

-

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маълум гардид. 6 сентябр дар шаҳри Душанбе ба ғолибон ҷоизаҳо тақдим шуд.

Озмуни мазкур 14-22 август дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илм, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил шуд.

Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 411 нафар довталабон, аз ҷумла 230 зан иштирок намуданд.

Дар озмуни мазкур аз шумораи 411 нафар иштирокчӣ 220 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 101 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспиранту докторант ва 90 нафар омӯзгорон, кормандон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун буданд. 

Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон 120иштирокчӣ аз рӯи номинатсияҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 20 нафар сазовори ҷойи якум, 40 нафар- ҷойи дуюм ва 60 нафар- ҷойи сеюм гардида, ба ғолибони ҷойҳои якум 20000 сомонӣ, ҷойҳои дувум 15000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 10000 сомонӣ мукофотпулӣ ва диплом тақдим шудааст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
2

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад