МУВАФФАҚИЯТНамоиши аксҳо: ду нафар соҳиби дастгоҳи аккосӣ гардид

Намоиши аксҳо: ду нафар соҳиби дастгоҳи аккосӣ гардид

-

Нурофарид бо ин аксҳо дар намоишгоҳ ширкат кард

Дар намоиши аксҳо, ки шоми 24-уми декабри соли ҷорӣ дар Маркази амрикоии шаҳри Душанбе доир гардид, 14 аккоси ҳаваскор аз саросари кишвар расмҳои беҳтарини хешро ба намоиш гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки ин аксбардорон бо як омӯзиши чаҳоррӯза дар дафтари ТҶ “Хома” ҷалб гардида буданд ва рӯзи сеюми омӯзиш аксҳои онҳо ба намоиш гузошта шуд.

Дар ин намоишгоҳ аккосони ҳавасманд дар бораи таърихи аксҳои хеш қисса карданд.

Даррен Тис,  сардори Раёсати робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА ваъда дод, ки дар ояндаи наздик боз чунин намоишгоҳ доир хоҳад шуд.

Иштирокчиёни омӯзиш бо устодон

Шаҳло Акобирова, директори ТҶ «Хома» изҳори умедворӣ намуд, ки бо гузаштани давраи омӯзишии нозукиҳои аксбардорӣ сифати расмҳои ин ҷавонони аксбардор боз ҳам беҳтар мегардад. Зеро, давоми ҷаҳор рӯз бо онҳо Нозим Қаландаров ва Алишер Примқулов- ду аккоси ботаҷриба кор карданд…

Дар намоишгоҳ ба иштирокчиёни омӯзиши асосҳои аккосӣ шаҳодатномаи хатм ботантана супурда шуд.

Эълони ғолиби беҳтарин акс ва тақдими ҷоиза низ дар ин чорабинӣ сурат гирифт. Бо баҳодиҳии ҳайати ҳакамон ғолиб Абдусамад Аминов, аз шаҳри Панҷакент дониста шуда, ба ӯ дастгоҳи аккосӣ тақдим гардид.

Аксҳои Абдусамад, ғолиби беҳтарин акс

Абдусамад аксбдори касбӣ набуда, муаллим мактаб будааст ва дар вақтҳои фориғ аз кори мактаб дар тӯю маъракаҳо аккосӣ ва наворгирӣ мекардааст.

Дар намоишгоҳ ду акси ӯ-яке аз лаҳзаи гузаштани паради низомӣ ва дуввумӣ рақси духтаракони наврас пешниҳод гардида буд, ки ҳайати ҳакамон писанд омадааст…

Нурофарид, ҷавондухтаре аз шаҳри Хорӯғ низ аксҳои ҷолибу диданиеро пешниҳод намуда буд, ки бештар ба Даррен Тис, корманди Сафорати ИМА дар Душанбе писанд омадааст. Бинобар ин, Даррен тасмим гирифт, ки дастгоҳи аксбардории шахсии хешро ба Нурофарид ҳадя намояд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад