МУВАФФАҚИЯТРекорди як навраси тоҷик дар “International Olympiad Antaliya”

Рекорди як навраси тоҷик дар “International Olympiad Antaliya”

-

Ӯ зодаи деҳаи Якабоғи ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан мебошад. Вай дар муассиаи №20-и деҳа 4 сол таҳсил кардааст. Аввалин муаллимааш қобилияти хуби ҳисобдонии ӯро мушоҳида карда, ба волидонаш тавсия медиҳад, ки шогирдашро ба омӯзиши илмҳои дақиқ-махсусан математика ҷалб намоянд. Алиҷон бо хоҳиши волидон баъди синфи 4 таҳсилро дар  гимназияи № 1 – и Истаравшан давом медиҳад. Дар  он ҷо низ ба фанҳои математика ва забони англисӣ диққати бештар дода, баъди хатми синфи 6 (дар таътили тобистона)  масъулин аз литсейи   болаёқати шаҳри Хуҷанд ба гимназияи Истаравшан омада, байни хонандагони аълохон имтиҳон мегузаронанд.  Қаҳрамони мо, аз ду имтиҳон муваффақона гузашта, имкони таҳсилро дар литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд пайдо мекунад.  Инак, 4 сол мешавад, ки Алиҷон дар ин литсей таҳсил дорад.

“Рӯзҳои аввалини  ба литсей омаданамон  барои ман хеле душвор буд. Тоқат кардани дурӣ аз падару модар, муаллимон ва ошноҳои наздик мушкил буд. Қариб як моҳ рӯзҳо ба кундӣ сипарӣ мешуд. Муҳит бегона менамуд… Бо гузашти вақт одат кардем.”, — ба ёд овард Алиҷон.

муаллиф Файзуллохон Обидов ва Алиҷон Усмонов

“Дар дарсҳо бо забони тоҷикӣ гап задан мумкин нест. Агар мавзӯи навро нафаҳмем, муаллимон дар “флешка” ё аз телефони худашон  маводи ёрирасони марбут ба дарсро пайдо карда ба мо дастрас мекунанд. Синфи 7 мехондем, лекин чун забони таҳсил  дигар шуд,  мисолу масъалаҳои синфи 5 – ро низ  кор карда будем. Донистани забони англисӣ дар Олимпиада барои ман кумак кард.”,-  мегӯяд Алиҷон.Алиҷон фикрашро бо забони англисӣ баён карда метавонад. Онҳо  дар литсей ҳамаи фанҳоро бо забони англисӣ мехондаанд. Ӯ ин забони хориҷиро маҳз дар литсей ёд гирифт.

Алиҷон як моҳ қабл олимпиада ҷиддӣ омодагӣ дид ва устоди риёзӣ Диловар Сулаймонов ба зиёд кумак кардааст.

“Дар олимпиада 6 мисолу масъала пешниҳод шуд. Ман 4 – тои онро  бе мушкилӣ ҳал кардам.  Аммо  болои 2 мисоли охир, ки равиши ҳалли онро дар литсей таҷриба накарда будем, амиқ фикр кардам. Яке аз ин мисолҳои “каме ношинос”  масъалаи мантиқӣ буд. Дар мисол якчанд фигураҳо дода шуда буд. Бояд онро дуруст пайваст карда, росткунҷаи чанд ба чанд ҳосил шуданро ёфтан даркор буд.  Ман онҳоро  пайваст карда, росткунҷаи   11: 3 см – ро ҳосил кардам.  Мисоли дигар, аз  тригономертӣ буд, ки ҳоло онро дар синф бо ҳама   нахонда будем. Лекин як чанд мисолҳо аз ин мавзӯъ бо муаллим кор карда будем.  Дар ин мисол донистани  синус ва косинус ба ман ёрӣ дод.”, — шарҳ дод Алиҷон.

Алиҷон Усмонов орзу дорад, ки дар Донишгоҳи Ҳарварди ИМА таҳсил карда, барномасоз шавад.

Файзуллохон Обидов 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...

Нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров бо забони олмонӣ

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума гардид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин кор ба ифтихори...

Душанбе мизбони фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон эълон мекунад, ки 5 сентябр дар боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе...
spot_imgspot_img

Тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии дорои тарҳи вижа ва мазмуни баланди миллӣ-ватандӯстиро...

Якдоларӣ бо тасвири Трамп

Сиккахонаи Иёлоти Муттаҳида эълон кард, ки тангаи 1-доллараии соли 2026 бо тасвири президенти ИМА Доналд Трамп аз дирӯз, соати...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад