МУВАФФАҚИЯТФоруми рестораторон: тарабхонадорон асрори муваффақияти хешро фош карданд

Форуми рестораторон: тарабхонадорон асрори муваффақияти хешро фош карданд

-

Форуми рестораторон дар Душанбе 21 декабр ба поён расид. Масоили тарабхонадорӣ, пешниҳоди хизматрасонии босифату ҷавобгӯ ба стандартҳо мавзӯҳои калидии форум буд.
Чорабиниро Маҳиноз ва Азиз ду ҷавони тоҷик ташкил намудаанд ва мегӯянд, ҳадафашон фароҳам овардани имконият барои ҳалли баъзе масоили вобаста ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар сегменти тарабхонаҳо мебошад.

Шиори “Хизматрасонии босифати тарабхонаҳо дар Тоҷикистон: дирӯз, имрӯз ва фардо” буд ва чандин мутахассиси ботаҷрибаи сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар ин форум аз таҷрибаи худ нақл карданд.

Камолиддин Муминзод, ноиби раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон аз дасгирии давлатӣ дар соҳаи туризм, меҳмонхонаву тарабхонадорӣ гуфт.

Орхан Алакбаров, менеҷери генералии меҳмонхонаи 5-ситорадори “Ҳаят Риҷенси Душанбе”  бобати фаъолияти ин меҳмонхона ва кору пайкори хеш ба иштирокчиёни форум қисса кард, ки чӣ гуна аз кори пешхизматӣ то ба ин маснад расид.

Тоҷидин Ҷалолов, директори Тарабхонаи туркии “Саид Эфандӣ” аз чӣ шурӯъ кардани тарабхона ва кор бо ҳайати кормандон нақл кард.

Тулкин Ҷабборов сарошпази сатҳи байналмиллалӣ дар бораи нақши сарошпаз, кор бо ошпазҳои ошхона ва аз фаъолияташ дар тарабхонаи Саёҳат гуфт.

Назира Шарипова, ҳаммуассиси тарабхонаи “Трактир Консерватор” нигоҳи хешро дар бораи тиҷорати тарабхонадорӣ баён кард.

Денис Пешевич сарошпаз аз Сербия бобати фаъолияташ дар Амини ва Дорадо маълумот дод.

Раҳим Ҳақбердиев, пойгузори платформаи menu.tj  ва яке аз муассисони “Сим-Сим” дар бораи чи гуна фоида ба даст овардан аз тарабхона суҳбат кард.

Инчунин дар форум муҳокимаву мубоҳиса ва бозиҳои бурднок гузаронида шуда, иштирокчиёни фаъол соҳиби шаҳодатнома барои рафтан ба тарабхона ва ҳатто сафар ба Туркия шуданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
4
+1
3
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад