ОЛАМИ МАҶОЗӢTimes: ҷосуси чинӣ маълумоти махфии Бритониёро ба даст меовард

Times: ҷосуси чинӣ маълумоти махфии Бритониёро ба даст меовард

-

Тибқи таҳқиқоти махсуси Times, як корманди хадамоти истихбороти Чин дар панҷ сол бо саҳифаҳои қалбакӣ дар шабакаи иҷтимоии LinkedIn аз мансабдорони бритониёӣ маълумоти махфиро ба ивази пул ё дигар пешниҳодҳои муфид талаб кардааст.

Нашрия қайд мекунад, ин ҷосуси чинӣ, ки бо тахаллуси Робин Чжан маъруф аст, «муваффақтарин ҷосуси зидди манофеъи Бритониё дар давраҳои ахир аст».

Чжан худро корманди ширкатҳои гуногун муаррифӣ намуда, бо мансабдорони бритониёӣ ва ғарбӣ, ки дар соҳаҳои сиёсат, мудофиа, илму фанноварӣ кор мекунанд, тамос гирифта, ба онҳо барои интиқоли маълумот ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷоиза пешниҳод кардааст. Дар баъзе мавридҳо, ӯ инчунин сафарҳои бидуни харҷ ба Чин ва ширкат дар конфронсҳои сердаромадро пешниҳод мекард.

Нашрия қайд мекунад, ки Чжан то ҳол ба истифода аз тахаллусҳои гуногун барои ба даст овардани маълумоти махфӣ идома медиҳад, ҳарчанд бисёре аз профилҳои ӯ пас аз оғози мубориза бо аккаунтҳои қалбакии LinkedIn ҳазф шуданд.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад