ОЛАМИ МАҶОЗӢДипфейк. Чӣ гуна ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кард?

Дипфейк. Чӣ гуна ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кард?

-

Том Круз яке аз ҳунармандони соҳаи кино аст, ки дипфейк шудааст. Аксҳо дар ин матлаб аз шабакаи интернет

Навори рақси як донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон на танҳо ба ҳамсабақон ва дӯстонаш дастрас гардид. Ҳатто ба хонаводи ҷавондухтар расид ва қариб буд бародараш ӯро аз таҳсил боз дорад.

Ҳарчанд ин духтар пойфишорӣ мекард, ки дар он саҳна ӯ нест, аммо бародараш бовар намекард.

Бо кумаки як ҳамсабақаш собит кард, ки навор аз тариқи барнома сохта шуда, танҳо чеҳраи ӯро дар навор истифода кардаанд. Яъне, он як навъ дипфейк (deepfakes) буд.

Технологияи дипфейк (deepfakes) соли 2014 аз тарафи ихтиърокор Ян Гудфеловз барои эҷоди аксу тасвирҳои қалбакӣ сохта шудааст. Қаблан дипфейк танҳо дар филмҳо истифода мешуд, вале дертар истифодаи он ба ҳама корбарони интернет дастрас гардид. Имрӯз барномаву сомонаҳои махсус чунин тасвирҳоро ба таври худкор танҳо пас аз ворид кардани дилхоҳ акс эҷод мекунанд.

Агар аз як тараф истифодаи дипфейк дар филмҳо зарур бошад аз дигар лиҳоз дастрас будани он ба ҳама корбарони интернет мояи нигаронист. Ин имконият медиҳад ки ҳар шахс дилхоҳ аксу навори қалбакиро сохта нашр кунад. 

Дар саҳифаҳои маҷозӣ аксу навори шахсиятҳои машҳур бо симо, садо ва ҳаракатҳои гуногун нашр мешавад. Дар назари аввал онҳо ба чашм ҳақиқӣ ба назар мерасанд.

Дар як навор ҳунарманди машҳур Леонардо ди Каприо дар бораи асъори 100 рублаи русӣ гап мезанад ва ин ба навори аслӣ шабоҳат дорад.

Deepfake-и Леонардо ди Каприо

Тасвири дигаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад, ки футболбози машҳур Кристино Роналдо дар назди хонаи Каъба бо эҳром аст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ҳақиқӣ ҳисобида, дар шарҳ футболбозро барои пазируфтани ислом таҳсин мехонданд.

Тасвири сохтаи Кристиан

Албатта, тасвири Леонардо ди Каприо ва тасвири футболбоз Кристино Роналдо аслӣ нестанд. Чунин навору тасвирҳои таввасути технологияи «дипфейк» сохта мешаванд.

Deepfake на танҳо барои бе обрӯ кардани як нафар метавонад сабаб гардад, балки метавонад барои таҳрики ҷомеаҳо боис шавад.

Бо истифода аз ин технология одамон метавонанд шахсиятҳои сиёсиро барои мақсадҳои худ истифода баранд. Вале барои бинандаву шунаванда фарқи байни росту ботил душвор хоҳад буд ва онҳо метавонанд ин наворҳоро воқеият донанд ва дар натиҷа, бар асоси он барои ояндаи сиёсии кишварашон тасмим бигиранд.

Аз чап Борис Ҷонсон, аз рост Билл Постер.

Масалан, соли 2019 дар интихоботи Британияи Кабир, рассом Билл Постерс навори тақаллубиеро нашр кард, ки дар он Борис Ҷонсон ҳамон замон роҳбари ҳизби муҳофизакори Британияи Кабир гуфта буд, бритониёиҳо бояд ба Ҷеремӣ Корбин роҳбари ҳизби либералӣ, ки рақиби  ҳизби Борис Ҷонсон дониста мешуд, овоз диҳанд.

Дар навор дигаре Владимир Зеленский, роҳбари давлати Укариана аз низомиёнаш даъват мекунад, ки силоҳи худро ба замин гузоранд. Баъди санҷиш маълум гардид, ки он дипфейк аст.

Тасвири сохта бо техналогияи дипфейк ва воқеии Владимир Зеленский

Дар охир барои шумо истифодаи чанд манбаъро пешниҳод менамоем, ки дар сурати пайдо шудани шубҳа бобати навор ё аксе онро метавонед санҷед.

Deepfake инчунин метавонад барои эҷоди хабарҳои қалбакӣ ва фиребҳои бадқасдона истифода шавад.

Дар замони сохтани дипфейки Малика Елизавета II аз ин зан истифода шудааст

Дар соли 2020, шабакаи телевизионии бритониёии Channel 4 бо истифода аз технологияи Deepfake табрикоти қалбакии Мавлуди Малика Елизавета II-ро нашр кард.

University College of London (UCL)  deepfakes-ро яке аз таҳдидҳои ҷинояти AI то имрӯз номбар кардааст. Дар як омӯзиши дурӯза, ки бо иштироки полис, ниҳодҳои амниятӣ, академияҳо ва бахши хусусӣ сурат гирифтааст, ҳаждаҳ навъи таҳдид муайян ва баҳо дода шудаанд ва тавлиди мундариҷаи қалбакӣ аз ҷониби AI дар раддаи аввали таҳдидҳо қарор дода шудааст.

Манбаъҳои зер барои санҷиши наворҳо. Ҳатман аксу наворҳои шубҳаоварро санҷед ва воқеиятро аз ботил фарқ намоед:

https://deepware.ai/

https://sensity.ai/

http://digitalfuturesociety.com/

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
6
+1
5
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад