МУВАФФАҚИЯТАзизҷон Азимӣ: дар як шаб аз 8 донишгоҳ ҷавоби...

Азизҷон Азимӣ: дар як шаб аз 8 донишгоҳ ҷавоби рад гирифтам (Видео)

-

Азизҷон Азимии 24-сола, яке аз ҷавонони муваффақи тоҷик маҳсуб ёфта, муассиси ширкатҳои TajRupt ва tajrupt.ai мебошад. Ӯ ахиран бобати комёбию нокомиҳои худ дар Амрико қисса кард.

“Мехостам дар Ҳарвард таҳсил кунам. Як қатор дастовардҳо доштам. Президенти мактаб, сартими дастаи футбол, президенти маҳфиле дар СММ будам, худро ҳамчун лидер нишон додам. Зеро, дар донишгоҳҳои ба мисли Ҳарвард лидер бояд бошӣ. Аммо чӣ рӯх дод?!

14 сол доштам, ба донишгоҳҳои машҳур ҳуҷҷат супоридам… 15 марти соли 2012 тақрибан соати 16 Донишгоҳи Панселвания ҷавоби рад дод. Баъди ду соат аз Донишгоҳи Принстон (Princeton University) ҷавоби рад, боз бо гузашти ду соат аз Ҳарвард посухи рад гирифтам. Ҳамон шаб 8 донишгоҳ ба дархости ман ҷавоби рад додаанд.»,-нақл кард Азизҷон Азимӣ дар Business Forum G5. 

Азизҷон Азимӣ мегӯяд, ҷавонон набояд интизор бошанд, ки касе дасташонро мегирад. Баръакс, ташаббус нишон дода, худашон коре анҷом диҳанд.

Соли 2018 исми ӯ дар миёни 49 стипендиягирандагони Барномаи “The Knight-Hennessy Scholars” пайдо шуд. Инчунин Азизҷон ҳамон сол ба рӯйхати «30 то 30»-и маҷаллаи Forbes ворид гардид ва аввалин намояндаи Тоҷикистон ин рӯйхат маҳсуб мешавад. Ёдовар мешавем, ки ба рӯйхати «30 то 30» соҳибкорони ҷавонтарин шомил мешаванд. 

Маҷаллаи «Forbes»

Азизҷон Азимӣ соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, аз сини хурдсолӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ шавқу рағбат доштааст. Ӯ дар синфи 9-ум дар озмуни байналмиллалии I-SWEEEP 2008 дар ш. Хюстони ИМА иштирок карда, сазовори ҷои 1-ум ва медали тилло гардида буд. Азизҷон пас аз ин ғолибият таҳсилро дар мактаби хусусии Разӣ дар ш. Ню-Йoрки ИМА давом дода, соли 2012 мактабро бо баҳои аъло, ҷоизаи  академикии президенти вақти ИМА Барак Обама ва ҳамчун роҳбари «ҳукумати хонандагон» хатм кардааст. Вай баъдан дар факултаи аълохонони донишгоҳи Хофстра (Hofstra University) бо стипендияи президенти донишгоҳ таҳсилро давом дода, пас аз 1 соли хониш дар ин донишгоҳ ба Донишгоҳи Ню-Йорк (NYU) гузаштаст.

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
8
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Русия ва Беларус ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей-2027 роҳ наёфтанд

Шӯрои Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) тасмим гирифт, ки дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларусро ба Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей...

Мушовири калони президенти FIFA ба нишони эътироз истеъфо дод

Карлос Кордейро, мушовири калони президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷанни Инфантино, ба нишони эътироз нисбат ба нақшаи фурӯши ҳуқуқҳои...

50 омӯзгор бо тренерони амрикоӣ таҷрибаи муосири таълимиро мубодила карданд

Аз 16 то 18 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе, бо ташаббуси Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 50 омӯзгори барномаи...

Омӯзгор ҳаққи фурӯши либоси мактабиро надорад!

Либосҳои тавсиявиро Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки бояд дар муассисаҳои олӣ ва макотиби таҳсилоти миёна илмомӯзон...
spot_imgspot_img

Apple Pay расман дар Тоҷикистон фаъол шуд

Истифодабарандагони дастгоҳҳои Apple дар Тоҷикистон акнун метавонанд пардохтҳои худро бидуни истифодаи кортҳои пластикӣ анҷом диҳанд. 28 июли соли 2026...

Grok достони ҳамосавии «Одиссея»-и Ҳомерро эҷод мекунад

Grok Imagine, ки аз ҷониби ширкати xAI таҳия шудааст, то охири соли 2026 филмеро бар асоси достони ҳамосавии "Одиссея"-и...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад