Мактаби хусусии Оксфорд дар шаҳри Хуҷанд бо барпо кардани як интихобот байни хонандагон президент ва аъзои кобинаи муҳассилинро интихоб кард.
Интихоботи президентӣ дар мактабҳои кишварҳои ғарбӣ як чизи оддӣ аст. Аммо дар мактабҳои Тоҷикистон бори нахуст мушоҳида мешавад.
Абдуғафур Абдуғафуров як хонандаи синфи 8 бо бартарии овозҳо президенти мактаби хусусии Оксфорд интихоб шуд. Ин хонандаи 15-сола байни 9 номзад, ки ҳама ҳамсолонаш буданд бо барномаи ҷолибаш овози бештарро соҳиб шуд. Абдуғафур баъди аз сӯйи ҳамсолонаш интихоб гардидан ба мақоми президенти мактаб шод буда, мегӯяд, илҳоми тозае гирифт ва қадаме ба амалишавии орзуҳояшро гузошт. Ӯ тӯли як сол бо кобинаи аъзои ҳукумати худ, ки аз доираи ҳамсолонаш созмон меёбад, кор мебарад.
“Мо ба хонандагон дар барномаи худ гуфтем ба онҳо ошхона месозем то даме, ки мо ба хӯроки нисфирӯзӣ меравем аз он ҷо метавонем ягон чиз харем, масалан, пиченӣ, об. Боз як фикри дигарамон ин буд, ки моро соати 17:00 аз ин ҷо ҷавоб медиҳанд ва рӯз зуд торик шуда истодааст. Аз ҳамин сабаб мо гуфтем, ки вақти дарсҳоро 5 дақиқа ё аз ин бештар кам кунем. Аз ин ҳисоб ба интихобкунандаҳо писанд омад.”
Ӯ ин барномаашро бо маслиҳати волидайн, кӯмаки ҳамсолонаш ва дар мувофиқа бо омӯзгорони мактаб пешниҳод кард.
Аммо чанд барномаи Абдуғафурро қабул накарданд ва ҳамин тавр дар интихоботи президентӣ муаррифӣ нашуд:
“Мо гуфтем, ки ҳадди ақал дар ду ҳафтаи таълим як ҳафта бачаҳо либоси ягона ба бар накунанд. Бисёр бачаҳо инро мехостанд. Аммо гуфтанд, чунин кор намешавад. Аз ҳамин сабаб ба ин барномаи ман не гуфтанд.”
Ин хонанда, ки президенти мактаби Оксфорд интихоб шуд, бояд ваъдаҳои пешазинтихобияшро иҷро кунад. Ӯ дар ин раванд мехоҳад қолабҳоро шиканад ва аз рӯйи принсипи демократӣ кор гирад. Зеро, алакай дар зеҳни ин хонанда рӯҳияи нави лидерӣ пайдо шудааст.

Динара Бобобекова як хонандаи 15-сола, ки ӯ низ ҳамсоли Абдуғафур аст, сарвазир интихоб шуд. Барои ӯ чанд овоз барои номзадии президентӣ нокифоя буд. Аммо рӯҳафтода нест ва мегӯяд, аз хурдӣ, ки сифатҳои лидериро дар худ мепарварад, оянда барои президенти мактаби Оксфорд шудан талош мекунад. Динара ягона духтар байни номзадҳо буд, ки чанд барномаи ҷолиби пешазинтихоботияшро барои ҳамсолонаш дар гӯшаи девории “Ману Оксфорд” муаррифӣ кард.
“Медонистам асарият ба писарҳо овоз медиҳад ва овозҳои ман на он қадар зиёд мешавад. Вале рӯҳафтода нашуда, корбариро давом додам. Ҳоло ҳам рӯҳафтода нестам. Чунки ман тавонистам овози бисёр ҷамъ намоям.”
Барномаи пешазинтихоботии Динара, ки сарвазир интихоб шуд, гузаронидани озмунҳои шеърхонӣ, раққосагӣ, пухтупаз, мусобиқаҳои варзишӣ аст. Аммо ӯ мегӯяд, фурсати кам барои муаррифии ин барнома дошт ва кам хонандагон ӯро мешинохтанд ва шояд аз ин сабаб натавонист президент шавад.
“Ман аз хурдӣ сифатҳои лидериро доштам ва ҳамеша мехостам, ки бонуи лидер бошам. Мехостам, ки аз дигарҳо тафовут дошта бошам. Дар чанд озмунҳо иштирок карда, маҳорати худамро санҷидаам.”,-мегӯяд Динара Бобобекова
Омӯзгорон ба ин назаранд, ки хонандагон бояд равандҳои демократиро аз хурдӣ омӯзанд. Марина Аскарова, ҷонишини директор оид ба таълим иттилоъ дод, ки бачаҳо хеле фаъолона дар интихобот худро муаррифӣ карданд:
“Вақте пешниҳод кардем дар мактаби худ худидоракунии парлумони худро ташкил менамоем, бачаҳо бо розӣ шуданд. Ба бачаҳо бояд озодӣ дод ва озод буданро омӯзонид.
Ин як идоракунии хурд ва бозии хурд аст, ба бачаҳо бояд ҳисси масъулиятшиносиро бедор кард. Ба онҳо аз ҳоло чи гуна идора кардани гуруҳи худ, ҳал кардани ягон муаммо, муноқиша ё нофаҳмиҳо ва аз нуқтаи назари худ баҳс карданро омӯзонид то онҳо фаҳманд зиндагӣ душвор аст.”
Мактаби Оксфорд чанд моҳ пештар ба фаъолият шуруъ кард ва аксари омузгоронаш аз хориҷ ҷалб гардидаанд. Дар ин мактаб 200 хонанда таҳсил мекунад ва маблағи таҳсил дар қиёс ба дигар муассисаҳои таълимии Хуҷанд зиёд аст.
Ҳарчанд гуфта мешавад, ки усулҳои муосири таълим дар ин мактаб омӯзонида мешавад, вале барои натиҷагирӣ барвақт аст.
Ҳалим Ҷураев