НАВИДБарномаи TechGirls 111 ҷавондухтарро ба Амрико мебарад

Барномаи TechGirls 111 ҷавондухтарро ба Амрико мебарад

-

Агар Шумо аз Осиёи Марказӣ ҳастед, пас, барномаи TechGirls 2022 барои Шумост!

Соли 2022 аз рӯйи ин барнома 111 ҷавондухтар аз 36 кишвари ширкаткунанда ва 25 ҳамсолони амрикоиашон дар як таҷрибаи чаҳорҳафтаинаи ИМА фаро гирифта мешаванд.

Асоси ин барнома таҷрибаомӯзии 27-рӯза дар Иёлоти Муттаҳида дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Технологии Вирҷиния мебошад. Дар асоси барнома ҷавондухтарон дар лагери технологияҳои интерактивӣ ва компютерӣ ҷалб шуда, сипас ба яке аз шаҳрҳои зерин (Остин, Чикаго, Тсинсиннати, Денвер, Детройт, Портленд ё Сиэтл) сафар мекунанд.

TechGirls чист?

TechGirls як барномаи байналмилалии табодулии тобистона аст, ки барои тавонмандсозӣ ва илҳом бахшидан ба ҷавондухтарон аз саросари ҷаҳон барои рушди касбӣ дар соҳаи илм ва технология пешбинӣ шудааст.

Аз соли 2012 инҷониб, TechGirls 343 духтари наврасро (синнҳои 15-17) аз Алҷазоир, Миср, Урдун, Лубнон, Либия, Марокаш, сарзаминҳои Фаластин, Тунис ва Яман таълим ва роҳнамоӣ кардааст. Дар соли 2019 ин барнома бо фарогирии духтарони ҷавон аз Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон) густариш ёфт.

https://techgirlsglobal.org

https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад