НАВИДПандемия ба 773 миллион бесавод таъсири манфӣ расонд

Пандемия ба 773 миллион бесавод таъсири манфӣ расонд

-

Cозмони Милали Муттаҳид мегӯяд, мутаассифона, буҳрони COVID-19 омӯзиши кӯдакон, ҷавонон ва калонсолонро бесобиқа халалдор кард. Он инчунин нобаробарии қаблан вуҷуддоштаро барои дастрасӣ ба дониш афзоиш дода, ба таври номутаносиб ба 773 миллион ҷавонон ва калонсолони бесавод таъсир расонд.

Дар замони бӯҳрони ҷаҳонӣ (COVID-19), талошҳо барои пайдо кардани роҳҳои алтернативии таъмини муттасилии омӯзиш, аз ҷумла омӯзиши фосилавӣ барои ҳама дастрас нашуд ва имкониятҳо барои саводноксозӣ баробар набуду нест…

Рӯзи байналмилалии саводнокӣ, ки 8 сентябр ҷашн гирифта мешавад, 26 октябри соли 1966 аз ҷониби вакилони сессияи 14 -уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ихтисос дода шуд ва аҳамияти саводнокиро бори дигар дар ҳаёти шахс ва ҷомеа хотирнишон кард. Ин рӯз бо тавсияи Конфронси умумиҷаҳонии вазирони маориф оид ба барҳам додани бесаводӣ, ки моҳи сентябри соли 1965 дар Теҳрон баргузор шуда буд, эълон шудааст.

8 сентябри ҳар сол ЮНЕСКО маросими тақдими ҷоизаҳоро баргузор мекунад, ки дар он ҷоизаҳо ба афрод ва созмонҳое дода мешаванд, ки барои баланд бардоштани саводнокӣ дар саросари ҷаҳон заҳмат мекашанд.

Рӯзи байналмилалии саводнокӣ як фурсате барои омӯзонидани ҳама дар масъалаҳои мавриди нигаронӣ буда, сафарбар кардани иродаи сиёсӣ ва захираҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ ва таҷлилу таҳкими дастовардҳои инсоният мебошад.

Саводнокӣ ҷузъи калидии Ҳадафи Рушди СММ ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 буда, моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби пешвоёни ҷаҳон қабул шуд, ки ҳадафҳои таъмини фарогирии таҳсилоти босифат ва пешбурди имкониятҳои омӯзиши якумриро барои ҳама дар бар мегирад. Яъне, бояд ҳамаи ҷавонон ва қисми зиёди аҳолии калонсол (мардону занон) хонда, навишта ва ҳисоб карда тавонанд.

Саводнокӣ қисми ҷудонашавандаи таҳсилот ва омӯзиши якумрӣ мебошад, ки аз гуманизм асос ёфта, барои наҷоти одамон аз ҷаҳолат нигаронида шудааст.

Агарчи хондан ва навиштан омили хеле муҳим дар ҳаёти аксари одамон аст. Аммо баъзе одамон ҳеҷ гоҳ ин малакаҳоро намеомӯзанд.

Проблема то чӣ андоза калон аст?

Тақрибан 14 фоизи аҳолии ҷаҳон бесаводанд. Дар доираи ин омор баъзе хабарҳои хуб ва баъзе хабарҳои бад мавҷуданд. Натиҷаи мусбат, сатҳи бесаводӣ дар даҳсолаҳои охир хеле коҳиш ёфтааст (танҳо дар соли 1980 бесаводии ҷаҳонӣ 43 фоиз буд!) Бо вуҷуди ин, дар байни минтақаҳо ҳанӯз ҳам тафовути бузург вуҷуд дорад. Дар Сахара ва Осиёи Ҷанубӣ бесаводӣ тақрибан 30 дарсад боқӣ мемонад.

Бино ба омори расмӣ, тақрибан ҳамаи мардуми Тоҷикистон босавод аст. Ба иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон, 99,8 дар сади аҳолӣ саводнок ва ҳамагӣ 0,2 дар сад бесавод аст. Мизони саводнокии мардум  тибқи меъёри хонда ва навишта тавонистан муайян шудааст. 

Оқибатҳои бесаводӣ

Байни бесаводӣ ва фақр робитаи қавӣ вуҷуд дорад. Одамоне, ки хонда ва навишта метавонанд, нисбат ба онҳое, ки ин қобилият маҳруманд, афзалияти бузург доранд. Ин маънои онро дорад, ки одамони босавод дар маҷмӯъ пули бештар ба даст меоранд ва ҳатто саломатии беҳтар доранд.

Вазъияти занону духтарон чӣ гуна аст?

Тадқиқоти СММ нишон додааст, ки қариб 83 фоизи занону духтарон қобилияти хондан ва навиштанро доранд. Аммо, аз се ду ҳиссаи ҳамаи одамони бесаводи ҷаҳон занонанд. Ин мушкилот аз омилҳое ба мисли нокифоягии имкониятҳои таҳсил барои духтарон ё анъанаи издивоҷи духтарон дар синни барвақтӣ вобаста аст. Бисёр созмонҳо кӯшиш мекунанд, ки ба занон ва духтарон савод омӯзанд.

Вазъият барои мардон ва писарон чӣ гуна аст?

Ҳамин таҳқиқоти СММ нишон додааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ 90 дарсади мардону писарон қобилияти хондан ва навиштанро доранд. Бо вуҷуди ин, дар бисёр кишварҳои ғарбӣ, саводи духтарон аз писарон беҳтар аст. Коршиносон тахмин мезананд, ки ин ба усули таълим вобаста аст, ки на ҳама вақт барои писарон мувофиқ аст.Инчунин ақидае байни баъзе писарон вуҷуд дорад, ки хондан ва навиштан кори «духтарона» аст.

Чӣ тавр технология тағирот ба бор овард?

Дар асри рақамӣ омӯзиши хондан ва навиштан бо дастрасии интернет дастрас шуд ва компютеру смартфон ба ин раванд кумак кард. ЮНЕСКО таъкид мекунад, ки саводнокӣ аз ҳарвақта бештар муҳимтар шудааст, зеро ҷаҳон ба сӯйи «ҷомеаҳои донишбунёд» ҳаракат дорад.

Одина Маҳмад

 

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Мактаб — умеди зиндаи кӯдакони лулӣ

Деҳаи Абдуллообод дар ҷамоати Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда, аз маркази пойтахт беш аз сӣ километр фосила дорад....

Пентагон Alibaba, BYD-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил кард ва онҳоро аз дастрасӣ ба қарордодҳои мудофиавии ИМА маҳрум кард

Пентагон ширкатҳои бузурги чинӣ, аз ҷумла Alibaba, BYD ва Baidu-ро ба феҳристи ширкатҳои низомии Чин шомил кард ва онҳоро...

Омӯзиш барои таҳкими соҳаи истеҳсоли хушкмеваи Тоҷикистон ва беҳтар намудани дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалӣ

Тақрибан 50 нафар намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои коркард ва содиркунандаи хушкмева дар як силсилаи нави семинарҳои амалӣ иштирок мекунанд,...

Ираклий Узнадзе, ҷудокори гурҷӣ сармураббии нави тими миллии ҷудои Тоҷикистон

Ираклий Узнадзе, ҷудокори гурҷӣ сармураббии нави тими миллии ҷудои Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Муҳаммадмурод Абдураҳмоновро, ки...
spot_imgspot_img

13 cол чанд нафарро ҳамчун ғулом нигоҳ доштааст

Шуъбаи тафтишотии шаҳри Заполярнийи Раёсати Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия дар вилояти Мурманск тафтиши парвандаи ҷиноиро нисбат ба як сокини...

12 медали паҳлавонони кишвар дар Ҷоми Осиё

28-31-уми май дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд, ки дастаи...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад