МУВАФФАҚИЯТМомодояе ки садҳо набера дорад

Момодояе ки садҳо набера дорад

-

Истатой Шарипова дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич, ки ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ дорад, тӯли 42 сол аст, ки момодоягӣ мекунад ва садҳо набера дорад.

Ӯ соли 1976 пас аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи тиббӣ ба номи академик Павлови шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дохил шуда, баъди хатм аз моҳи апрели соли 1979 то ба имрӯз ба сифати момодоя кор мекунад. Вай корашро аз маркази саломатӣ оғоз намуда,  сипас дар таваллудхонаи деҳа корашро идома медиҳад Истатой Шарипова аз моҳи ноябри 1996 то ба имрӯз дар зоишгоҳи деҳа ба ҳайси момодоя кор мекунад:

-Дар зоишгоҳи деҳа мо танҳо он модаронеро, барои таваллуд қабул мекунем, ки ҳолати хуб ва имкони бемушкил ба дунё овардани тифлро дошта бошанд. Агар занони ҳомила вазъи нохуб дошта бошанд, мо ба таваллудхонаи шаҳраки Каленинобод ё маркази ноҳия мефиристем.

Кори момодоягӣ дар деҳоти кӯҳистон басо мушкил ба ҳисоб меравад. Бар замми ин, пас аз ба шавҳар баромадан монеаҳое барои кори минбаъдаи момодоягии Шарипова пеш омаданд, аммо бо мурури замон оила ба якдигарфаҳмӣ гузаштанд. Зеро, Истатой Шарипова намехост, ки заҳматҳои кашидаи чандинсолааш барбод раванд ва нафъаш ба касе нарасад.

Ба нақли Шарипова, солҳои ахир таваллуд дар зоишгоҳи деҳа кам шуда истодааст. Соли 2019 агар 138 тифл, соли 2020 агар 148 тифл ба дунё омада бошад, дар нимсолаи аввали 2021 ба 66 тифл расид.

Дар деҳа ҳолатҳое мешаванд, ки дар шабона барқ хомӯш мешавад ва ё дар зимистон имкони гарм кардани ҳуҷраи таваллудхона ва ҳуҷраи модарон мушкил меафтад. Ба гуфтӣ қаҳрамони мо, ҳолатҳое буданд, ки кӯдакро дар хона таваллуд кунонидаанд. Бо вуҷуди набуди шароити тиббӣ-техникӣ ва фарсӯда будани ҳуҷраҳои зоишгоҳ қаҳрамони мо ба кораш идома медиҳад.

Нуралӣ Карим

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад