МУВАФФАҚИЯТЧеҳраофарӣ бо меху ришта

Чеҳраофарӣ бо меху ришта

-

Самандар Мирзоев ягона нафарест, ки бо меху риштаи сиёҳ чеҳраи одамонро тасвир мекунад.

Ҳанӯз аз синфи 7-ум дар дарсҳои ҳандаса бисёр кунҷкоб буд ва мехост аз васлу насби нуқтаҳо тасвирҳои алоҳида созад. Нақшакашиву рассомӣ рағбаташро зиёд кард ва хост ороишгари соҳаи сохтмон гардад.

Ҳоло ӯ донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ мебошад.

“Рассомиро аз падар омӯхтам. То замони кор бо риштаву мех, амсоли дигар рассомон бо қаламу коғаз ва рангу мӯқалам сурати одамон ва  манзараҳоро тасвир мекардам. Сипас шавқу шӯрӣ кӯдакӣ дар дилам ҷӯш зад ва бо ёрии устодон дар донишгоҳ муваффақ шудам, ки бо ин усул (риштаву мех) расмҳои зиёд офарам.”,— гуфт ӯ.

То имрӯз Самандар бо риштаву мех ҳудуди 400-450 расм офаридааст ва худро дар ин кор навроҳ медонад. Ӯ мегӯяд, аваҷҷӯҳ ба ин навъи расмҳо ҳамарӯза меафзояд ва мардум фармоиш медиҳанд.

“Сарфу харҷ дар ин гуна расм камтар аст, яъне меху ришта, вале вақти зиёдро мегирад. Ду-се рӯз сахт кор кардан лозим меояд то ки як портретро ба итмом расонӣ.”,- илова кард ӯ.

Самандар ҳоло ба ҷуз кор бо риштаву мех расмҳои портретӣ ва манзараҳоро ҳам тасвир мекунад. Ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар деворҳо бо меху ришта тасвир офарад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
9
+1
4
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Роҳпаймоии роботҳо дар Варшава. Онҳо чӣ мехостанд?

Дар Варшава 30 робот бо парчамҳо роҳпаймоӣ карда, дар назди Вазорати умури рақамии ин кишвар шиорҳо сар дода, аз...

Шаршараи Ниагара рангҳои парчами давлатии Тоҷикистонро ба худ гирифт

Сафорати Тоҷикистон дар Амрико хабар медиҳад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи боҳашамати Ниагара рангҳои парчами давлатии...

Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!

9 сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак бод! 35 сол қабл халқи мо роҳи худро интихоб кард —...

Ню-Йорк истифодаи зеҳни сунъиро барои хонандагони синфҳои поёнӣ барои як сол манъ мекунад

Дар шаҳри Ню-Йорк истифодаи абзорҳои тавлидкунандаи зеҳни сунъӣ барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна дар соли таҳсили ҷорӣ манъ...
spot_imgspot_img

Вазири корҳои дохилӣ аз “Шаҳри ҳушманд” дидан кард

КВД “Шаҳри ҳушманд” ё Smart City Dushanbe иттилоъ медиҳад, ки 6 сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар аз маркази...

Дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ чӣ гузашт?

Намоишгоҳи IFA 2026 дар Берлин чӣ гуна гузашт? IFA бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии ҷаҳон дар соҳаи электроникаи маишӣ ва...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад