Мушкиле ки ҳар соли нави таҳсил пайдо мешавад ва ҳалли худро наёфтааст.
Омили харидор пайдо накардани либосҳои ягонаи мактабиро волидон дар сифати маҳсулот мебинанд. Мардум аллакай соли гузашта ин таҷрибаро доштанд ва намехоҳанд, ки имсол низ маблағи худро ба либосҳои пастсифат сарф кунанд.
“Мо мактаб меравем маҷбур мекунанд, ки ҳамин либосҳоро харидорӣ кунед. Дар ҳоле, ки сифат ва дӯхти он ба мо умуман писанд нест. Матои асосии либосҳо ба монанди як селофани сахте аст, ки фарзандони мо худро дар он нороҳат эҳсос мекунанд. Бар замми ин, боз мегӯянд, ки мо дигар либосҳоро қабул намекунем, шумо бояд аз ҳамин ҷо харид кунед.”, – мегӯяд сокини шаҳри Душанбе Садбарг Содиқова.
Вазорати маориф ва илм: либосро аз куҷое мехаред муҳим нест…
Эҳсон Сафарзода, сухангӯи Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ин масъаларо ба ниҳоди онҳо марбут додан мантиқӣ нест:
-Вазорати маориф ва илм аслан ба фурӯши сару либос кор надорад. Шурӯъ аз кормандони дастгоҳи марказии вазорат то омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати аз ҷониби падару модарон харидорӣ шудани либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ширкат мекунанд, аммо дар фурӯши маҷбурии он саҳм намегиранд ва набояд дар маҷбуран фурӯхтани он саҳм дошта бошанд. Зеро, вазифаи асосии омӯзгор пеш аз ҳама таълиму тарбияи насли наврас аст, ки бояд ин рисолатро сарбаландона ба сомон расонанд. Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон таҳия шудааст ва муҳим он аст, ки сару либоси хонанда дар доираи ин дастурамал танзим шавад.
Ӯ мегӯяд, раёсату шӯъбаҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо бояд корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабиро пайдо кунанд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мусоидат кунанд, ки корхонаҳо маҳсулоти худро оварда, дар маркази ҷамоату шаҳраку ноҳия ба намоиш гузоранд ва падару модарон барои фарзандони худ аз он либос харидорӣ намоянд:
— Ҳолатҳо зиёданд, ки тавассути телефони боварӣ падару модарон аз сифати либосҳо шикоят мекунанд ва мо тавсия медиҳем, ки дар сурати писанд наомадани либоси истеҳсолкардаи як ширкат, рафта аз дигар шир

кати истеҳсолкунанда, ки барояшон писанд аст, харидорӣ намоянд. Инро касе манъ накардааст. Кифоя аст, ки либосҳо ба талаботи дастурамал мувофиқат кунанд. Яъне, вазифаи мо танҳо пешниҳоди маҳсулоти ватанӣ аст, на маҷбурӣ фурӯхтани он.
Аз хориҷа бо рамзи “MADE IN TAJIKISTAN”
Масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав мегӯянд, ҳолатҳоеро ошкор кардаанд, ки қисме аз ширкатҳои ватанӣ ба хотири рушди тиҷорати худ баъди шартнома бо шуъбаи маориф либосҳои мактабиро аз хориҷ оварда, онро ҳамчун маҳсулоти худ ба фурӯш мегузоранд.
“Мо гурӯҳи корӣ ташкил намуда, фаъолияти аксарияти корхонаҳои истеҳсолии сару либоси ватаниро таҳлил кардем. Ҳатто ҳолатҳое маълум шуданд, ки як корхона бо шуъбаи маориф ба миқдоре шартнома кардааст, ки иқтидори истеҳсоли ҳамон маҳсулотро надорад. Яъне, техникаву мутахассисони лозима намерасад.”, – мегӯяд Абдурауф Пӯлодов, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Ба таъкиди ӯ, ҳадафи вазорат дастгирӣ ва рушди маҳсулоти ватанӣ аст. Лекин ин ҳама дархосту шикояти мардумро ба инобат гирифта, кӯшиш доранд, ки дар оянда сифати либосҳои ватанӣ беҳтар шавад:
— Ба боварӣ гуфта метавонам, ки ин раванд дар кӯтоҳтарин вақ пурра ба роҳ монда мешавад. Чунки шим ва нимшими ҷинсӣ дар Италия, либосҳои варзишии истеҳсоли корхонаҳои мо дар Русия ва дигар кишварҳо харидори зиёд пайдо кардаанд.
Дар вазорати саноат ва технологияҳои нав бо пешниҳоди рӯйхати корхонаҳо гуфтанд, ки дар Тоҷикистон имкони пурра истеҳсол намудани либосҳои мактабии босифат дар аксарияти минтақаҳои кишвар вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар вилояти Хатлон 26 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсоли сару либоси мактабӣ, дар вилояти Суғд 23 корхона, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 8 корхонаи дузандагӣ ва дар ВМКБ бошад 2 корхонаи дузандагӣ фаъолият мекунанд.
Мардум чаро вақти харид сертификат намепурсанд
“Либосҳои тавсиявии хонандагон бояд аз матоъҳои пахтагину пашмин ва абрешимин омода карда шаванд. Ба хотири ба саломатии хонандагон таъсири манфӣ нарасонидан истифодаи либосҳои аз матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) дӯхташуда тавсия дода намешавад” — омадааст дар дастурамали Вазорати маориф ва илм.
Сардори маркази матбуотии Агентии стандаризатсия, метроология, сертификатсиф ва назорати савдо Мурод Ашӯров мегӯяд, ин талабот вақти истеҳсоли либосҳои мактабӣ риоя мешаванд:
-Сару либоси корхонаҳои ватанӣ бо сифати баланд ба фурӯш гузошта шудааст ва аксарияти онҳо ба меъёру стандартҳои лозима ҷавобгӯ ҳастанд. Ин раванд ҳамеша зери назорат аст ва дар ҳолати ҷавобгӯ набудан, ин либосҳо аз муомилот гирифта шуда, сертификати фаъолият ба онҳо дода намешавад. То имрӯз аз бесифатии маҳсулот ба мо ягон аризаи шикоятии мардум расман ворид нашудааст. Шояд ҳолатҳое ҳастанд, ки либосҳо барои мардум писанд намеоянд ва ин маҳсулотро ягон ширкати хурде, ки нав корро оғоз кардааст, истеҳсол мекунанд. Аммо мо кӯшиш карда истодаем, ки ҳамаи ширкатҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳем, то ин ки як маҳсулоти босифати ватаниро истеҳсол кунанд.
Баҳси пастсифатии либоси мактабӣ соли аввал набуда, қаблан низ матраҳ буд, вале роҳҳале пайдо накардааст.
Шералӣ Давлатов