МУВАФФАҚИЯТОмина дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз соҳибони забон...

Омина дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз соҳибони забон пеш гузашт

-

Омина Худоиқулова

Омина Худоиқулова, хонадаи синфи 8- и Литсейи давлатии №1- и ноҳияи Восеъ дар Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE, ки фосилавӣ баргузор гардид, мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд.

Омина Худоиқулова чаҳор сол қабл ба омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ  шурӯъ кард:
“Хушбахтона, имрӯз заҳматҳоям самар овард. Аз миёни чанд давлати хориҷӣ ман як духтари деҳотӣ ва аз Тоҷикистон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардидам. Ин ифтихори ману хонавода ва тамоми устодонам мебошад.”,-мегӯяд О. Худоиқулова.

Даври финалии Олимпиадаи байналмилалии Teeneagle ONLINE аз 31 июл то 7 августи соли 2022 дар Донишгоҳи Брунели Лондон баргузор мегардад. Ҳадаф аз барузории ин олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, иштирокчиёне, ки дар ҳама даврҳои олимпиада ғолиб меоянд, тибқи низомномаи озмун дар 12 донишгоҳи бонуфӯзи Англия роҳхат ба даст меоранд ва метавонанд ройгон таҳсил намоянд.

Иззатулло Худоиқулов, падари Омина мегӯяд, ин аввалин ғолибияти духтараш дар олимпиадаи фаннии сатҳи байналмилалӣ аст, ки онҳоро дар ҳайрат гузоштааст. Бовар надошт, ки духтараш ҷойи аввал ва медали тиллоро соҳиб мешавад.

Соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фани забони англисӣ мақоми аввалро соҳиб гардида буд.

“Омина бародар дорад, вале хоҳар не. Бештар худомӯзӣ мекунад, 12 сол дошт ва ба ман пешниҳод кард, ки ӯро ба назди омӯзгори фанни забони англисӣ барам, то ин забонро омӯзад. Ман шароити хонаданро барояш фароҳам овардам, худаш талош кард. Хушбахтона, имрӯз натиҷаи заҳматҳояш моро хурсанд мекунад.”,- бо қаноатмандӣ мегӯяд падари Омина.

Ҷамолиддин Фатоев, устоди Омина Худоиқулова аз ғолиб омадани шогирдаш дар олимпиадаи байналмилалӣ мефахрад.

Ҳамеша тариқи интернет эълони олимпиада ва озмунҳои фанниро ҷустуҷӯ карда, ба шогирдонаш пешниҳод мекунад.

“Вақте эълонро ба хонандаҳо пешниҳод кардам, Омина ҷуръат намуда гуфт, ки иштирок мекунад. Омина 5 сол дар назди ман забони англисиро омӯхтааст ва то ҳол идома медиҳад. Дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҳато ҷумҳуриявӣ низ ҷойи аввалро ишғол кардааст. Вале ин аввалин ғолибияташ дар олимпиадаи сатҳи байналмилалист.”,- иттилоъ дод Ҷамолиддин Фатоев.

Омина Худоиқулова ба даври финалии олимпиада омодагӣ мебинад. Ҳар рӯз баъди дарс ба китобхонаи мактаб рафта, китобҳои мухталифи англисиро бештар мутолиа мекунад. Инчунин, дар назди муаллими фанни забони англисӣ низ маҳорати суханвариро такмил дода истодааст.

«Феълан қиссаву ҳикояҳое, ки бо забони англисӣ навишта шудаанд, хонда истодаам. Ҳар рӯз бо ҳамсабақон ва устодам бо забони англисӣ дар муошират ҳастам то дар даври ниҳоӣ ғолиб омада, парчами кишвари азизамро дар миёни дигар давлатҳо баланд бардорам. Ҳадафи ягонаам ҳамин аст.»,- таъкид намуд Омина Худоиқулова.

Амонҷон Муҳиддинов

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
10
+1
5
+1
0
+1
0
+1
1
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Вазири тандурустӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент дидан кард

20-уми октябри соли равон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ дар Беморхонаи марказии...

Воридоту содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи сигорҳои электронӣ дар кишвар манъ шуд

Тағйироти ахир ба қонун, истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи системаҳои электронии интиқоли никотин, аз ҷумла сигорҳои электрониро...

OpenAI риёзидонҳоро дастгирӣ кард

Пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи риёзидонҳо нисбат ба OpenAI, ин ширкат тасмим гирифт, ки ба як фонди дастгирии таҳқиқоти...

Канада тарҳи бунёди ноқили зериобиро барои пайвастшавӣ бо Аврупо баррасӣ мекунад

Ҳукумати Канада тарҳи маблағгузорӣ ва сохтмони хати ноқили зериобии фароатлантикиро меомӯзад, ки Канада ва Аврупоро мустақиман, бидуни убур аз...
spot_imgspot_img

Зане, ки 41 соли умрашро ба сарсабзсозии биёбон бахшид

Ин Юйчжэн як зани деҳотӣ аз шимоли Чин аст, ки барои пешгирӣ аз биёбоншавӣ ва мубориза бо тағйирёбии ҷаҳонии...

Дания паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии шахс манъ мекунад

Дания ин ҳафта ният дорад лоиҳаи қонунеро пешниҳод кунад, ки паҳн кардани дипфейкҳои воқеинамои чеҳра ва садоиро бе розигии...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад