МУВАФФАҚИЯТСоҳибкории иҷтимоӣ: талош барои тағйироти мусбат дар ҷомеа

Соҳибкории иҷтимоӣ: талош барои тағйироти мусбат дар ҷомеа

-

Соҳибкории иҷтимоӣ тиҷоратест, ки ҳадаф аз таъсиси он рисолати иҷтимоӣ ва хайрхоҳона мебошад.

Бо соҳибкории иҷтимоӣ метавон даромад гирифт ва ба дигарон бо фароҳам овардани ҷойи корӣ кумак кард, мушкилоти иҷтимоиро рафъ намуд. Яъне, масъулияти иҷтимоӣ барои ин гуна соҳибкорӣ муҳимтар аст.

Масалан, як нафарро ифлосии маҳаллаш нороҳат мекунад. Ӯ мехоҳад, ки барои  рафъи мушкилӣ корхонаи коркарди партов бунёд намуда, партовҳоро ҷамъоварӣ ва  коркард намояд. Барои ин, аз ҳисоби гуруҳи осебпазир, аз қабили бекорон, маъюбон, модарони танҳо, ятимон корманд ҷалб карда,  бо онҳо музди меҳнат таъин менамояд. Аз ин ҳисоб мушкили экологӣ ҳал, маҳал тоза ва чандин нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.

Коркарди партов. Акс аз шабакаи интернет

Бунёди мактаб, беморхона ва амсоли инҳо низ метавонад соҳибкории иҷтимоӣ бошад, ки мушкили ҷомеа ҳал мегардад…

Дар тиҷорати анъанавӣ муваффақиятро аз рӯи ҳиссаи бозор ё афзоиши даромади солона чен мекунанд. Дар соҳибкории иҷтимоӣ ченакҳо метавонанд дигар бошанд, ба монандаи ҷойҳои кории эҷодшуда, ки мушкилоти ҷомеа то ҳадде ҳал мегардад ва ҳар як мушкилоти иҷтимоӣ метавонад нуқтаи ибтидоии тиҷорати нав бошад.

Иқтисодшинос Уктам Ҷумаев низ мегӯяд, соҳибкории иҷтимоӣ ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа ва шуғлофарист.

Иқтисодшинос Уктам Ҷумаев бобати соҳибкории иҷтимоӣ ва самараи иқтисодии он аз таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя мегӯяд

«Хусусияти асосии соҳибкории иҷтимоӣ дар он дида мешавад, ки  соҳибкории иҷтимоӣ барои мусоидат ба шуғл, ташкили истеҳсолот ва савдои  маҷмӯи молу хизматрасониҳое, ки  аз ҷониби гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ истеҳсол  шудааст, равона мегардад. Тафовути соҳибкории иҷтимоӣ аз соҳибкории анъанавӣ дар он аст, ки соҳибкории иҷтимоӣ дар раванди истеҳсолот, ҷалб, шуғл ва ҳамгироии иқтисодӣ табақаҳои осебпазирро муайян менамояд. Шароити асосии фаъолияти иқтисодии он аз фаъолияти табақаҳои осебпазир вобастагии калон дорад ва ба ҳалли мушкилоти асосии он нигаронида шудааст.»

Маълумоти бештар дар эксплейнери навбатии мо:

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Барномаи ҳушдордиҳии Украина рахна шуд

Барномаи расмии украинии "Ҳушдори ҳавоӣ", ки барои огоҳ кардани аҳолӣ аз хатарҳо истифода мешавад, шоми 1 ноябр мавриди ҳамлаи...

Ширкатҳои чинӣ узри Мбапперо напазируфтанд

Ширкати расонаии Чин (China Media Group, CMG) тасмими худро дар бораи боздоштани пахши бозиҳои чемпионати Испания оид ба футбол...

Apple аз эҳтимоли рахна шудани iPhone-и сиёсатмадорони Олмон ҳушдор дод

Ширкати Apple ба вакилони Бундестаг ва аъзои ҳукумати Олмон дар бораи эҳтимоли насб шудани барномаҳои ҷосусӣ дар смартфонҳои iPhone-и...

Ҳамлаи сайберӣ ба Хадамоти федералии омори давлатии Русия

Ба сомонаи расмии Хадамоти федералии омори давлатии Русия (Росстат) ҳамлаи сайберӣ шудааст. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст....
spot_imgspot_img

Microsoft дар Амрико ба маблағи 25 миллиард доллар вомбарг пешниҳод мекунад

Ширкати Microsoft ният дорад тавассути барориши вомбаргҳои дорои дараҷаи баланди эътимоднокии сармоягузорӣ дар ИМА ҳадди ақал 25 миллиард доллар...

131 ғолиби озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» муайян шуданд: Душанбе пешсаф аст!

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 дар маҷмуъ 131 нафар ғолиб дониста шуданд. Аз ин теъдод 17...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад