МУВАФФАҚИЯТРассоми тоҷик чӣ гуна дар Қибрис мусаввараҳояшро ба намоиш...

Рассоми тоҷик чӣ гуна дар Қибрис мусаввараҳояшро ба намоиш гузошт?

-

Рассоми ҷавони тоҷик Пайрав Гулов ҳоло дар Қибрис қарор дорад ва чанде қабл тавсирҳояшро ба намоиш гӯзошт. Қаблан низ мусавараҳои ӯ дар Олмон, Туркия, Амрико, Фаронса, Русия, Ҳиндустон ва чандин кишварҳои дигар ба намоиш гузошта шуда буданд.

Соли 2016 дар намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим», ки дар Душанбе доир шуда, рассомони 30 кишвар дар он ширкат намуда буданд. Асарҳои Пайрав дар ин намоишгоҳ хуш пазируфта шуда буд. Дар ҳамин намоиши байналмилалӣ Пайрав Гулов ҷоизаи Академияи рассомони Чинро соҳиб гардид ва онро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ супурд.

Пайрав Гулов дар намоишгоҳи байналмилалии «Рассомони ҷаҳон», ки  соли 2013  дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуда буд, ширкат варзидааст. Баъдан ду бори дигар ба намоишгоҳҳоои рассомӣ ба Чин даъват шуда, ҳамчунин Соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Саммити сарони кишварҳои узви СҲШ намоишгоҳи рассомӣ таҳти унвони «Саёҳат ба хотири Сулҳ» баргузор гардида, дар намоишгоҳи мазкур рассомон аз кишварҳои узви СҲШ асарҳои худро ба намоиш гузоштанд. Пайрав Гулов, ки чандин бор дар намоишгоҳи рассомии кишварҳои СҲШ иштирок кардааст, ду асари худ- «Мақбараи Шоҳи зинда» ва «Самарқанди куҳан»- ро манзури меҳмонони ин чорабинии байналмилалӣ гардонид.

Манзараҳои зебои Тоҷикистон, зиндагии одии мардуми тоҷик, урфу одатҳои шарқӣ дар мусавараҳои Пайрав Гулов бештар дида мешавад. Масалан, дар як асари ӯ гуштигирии ду пирамард тасвир ёфтаанд, ки хеле диданиву ҷолиб аст.

Пайрав дар тамос ба мо нақл кард, ки чаро дар Қибрис қарор дорад ва айни ҳол бо чи коре машғул аст.

Мавсуф мегӯяд, барои иштирок дар Симпозиуми рассомон даъват шуда буд, ки дар он анқариб 60 рассом аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Доғистон ва Молдова иштирок карданд:

-Тоҷикистонро чор нафар намояндагӣ карданд. Шарти симпозиум ин буд, ки бояд дар мудати 18 рӯз 6 мусаввараи бузург пешниҳод намоӣ ва дар намоиши рассомӣ ширкат варзӣ. Ҳамин тавр мо асарҳоямонро дар муддати ҳаждаҳ  рӯз омода кардем ва асарҳои ман барояшон писанд омад. Бароям пешниҳод намуданд, ки чил рӯзи дигар бимонам ва 20 асари дигар омода созам, дар ин сурат метавонам намоиши рассомии худамро баргузор намоям. Ман низ ин пешниҳодро қабул кардам. Аммо намоишгоҳи ман дар шароити пандимеяи “COVID 19” диор гардид. Бо вуҷуди ин, кори ман ба муассисони ин симпозиум писанд омад ва бароям пешниҳод намуданд, ки колексияи наверо омода намоям.

 Бештар аз як сол аст, ки ин рассоми тоҷик дар шаҳри Қибрис қарор дорад ва тасвирҳои ӯ дар Осорхонаи санъати муосири ин шаҳр ҷой дода шудааст. Мувофиқи низомномаи симпозиум тасвирҳое дар ин макон ҷой дода мешаванд, ки баёнгари зиндагии имрӯзи дунё бошанд ва шаст дарсади мусавараҳои Пайрав Гулов низ аз зиндагии мардуми тоҷик ва анъанаҳои қадимаи мо қисса мекунанд:

-Техникаи кории ман ҳамин аст ва бештар одатҳои мардуми кишварам дар зеҳнам чарх мезананд. Ҳамчунин масъулони ин ҳамоиш тасвирҳоямро бо ҳамин хусусиятҳояш писандиданд.

Пайрав Гулов  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода –ро соли 2006 хатм намудааст. Ҳоло дар Осорхонаи санъати Ҷумҳурии мардумии Чин шаш мусавараи ӯ нигоҳ дошта мешавад. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мусавараи 20-метра, ки дар он манзараи зебои кишвар инъикос ёфтааст, кори дасти ӯст. Ҳамчунин силсилаи портретии 48 Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ корҳои бузурги Пайрав маҳсуб мешаванд.

 

Фурқати Низом

ПИСАНД ОМАД? БО ДӮСТОНИ ХУД МУБОДИЛА КУНЕД!
+1
2
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
0
+1
1

ХАБАРҲОИ ОХИРИН

Хару фил ба ҳизбҳои сиёсии Амрико чӣ иртибот доранд?

Оё медонед, ки чаро хар ва фил ба рамзҳои ду ҳизби асосии сиёсии ИМА - демократҳо ва ҷумҳурихоҳон табдил...

Вазири нақлиёти Испания баъди садамаи қатораҳо аз мақомаш истеъфо дод

Ба иттилои рӯзномаи El País, вазири нақлиёти Испания Оскар Пуэнте баъди бархӯрди қатораҳо дар музофоти Толедо аз мақомаш истеъфо...

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд

Демократҳо эҳтимолан аксарияти курсиҳоро дар Палатаи намояндагони Конгресси Амрико ба даст меоранд. Аммо муборизаи асосӣ барои Сенат идома дорад....

Арманистон метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо дархости расмӣ пешниҳод кунад

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Euronews изҳор доштааст, ки ин кишвар метавонад солҳои 2027 ё 2028 барои...
spot_imgspot_img

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо

Ҳамлаҳои сайберӣ ба яхдонҳои сардкунанда дар 6 кишвари Аврупо ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҳама мағозаҳои Белгия зарар...

Бритониё ва Олмон низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ ҷорӣ мекунанд

Бритониё ва Олмон нақша доранд, ки дар якҷоягӣ низомҳои зеҳни сунъиро барои нерӯҳои мусаллаҳи худ озмоиш, таҳия ва дар...
spot_imgspot_img

Ба шумо инчунин метавонед писанд оядVIP
Ба шумо тавсия дода мешавад