Бо вуҷуди пешрафтҳои ахир дар харитасозии сатҳи Моҳ барои арзёбии имкони бунёди шаҳрҳои моҳтобӣ, як таҳқиқоти нав интизориҳоро дар бораи мустамликакунии доимии Моҳ коҳиш медиҳад.
«Солҳои охир, бо рушди босуръати технология, соҳибкорони соҳаи кайҳон низ нақшаҳои воқеии татбиқи чунин ғояҳоро таҳия мекунанд. Аммо таҳқиқоти нави Маркази астрофизикаи Ҳарвард ва Смитсон (CfA), ки ин ҳафта нашр шуд, нишон медиҳад, ки барои мустамликадорони эҳтимолии Моҳ монеаи асосӣ метавонад захираҳои мавҷудаи ях дар он ҷо бошад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин захираҳо барои таъмини як шаҳри бузурги моҳтобӣ кофӣ нестанд.»,-DW.
Муаллифони таҳқиқот бо унвони «Дар Моҳ шаҳр вуҷуд дошта наметавонад» ҳисоб кардаанд, ки як маҳаллаи бузурги аҳолинишин дар Моҳ чӣ қадар энергия ва об талаб мекунад, шаҳри дорои 100 ҳазор ё 1 миллион аҳолӣ то чӣ муддат вуҷуд дошта метавонад ва таъмини устувори чунин шаҳр то чӣ андоза имконпазир аст.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи байналмилалии Frontiers in Space Technology нашр шудаанд. Ин мақола дар пасманзари як қатор миссияҳо ва таҳқиқоти моҳтобӣ дар соли ҷорӣ ба нашр расидааст, ки ба олимон имкон доданд сатҳи Моҳро дақиқтар харитасозӣ карда, ҷой ва ҳаҷми захираҳои обро муайян кунанд. Ин таҳқиқотҳо баҳсҳоро дар бораи имкони ҷойгиршавии доимии инсон дар Моҳ бештар карданд.
Олимон кайҳо боз аз мавҷудияти яхи об дар Моҳ огоҳанд. Таҳлилҳои охир тасдиқ кардаанд, ки захираҳои асосии он дар кратерҳои ҳамеша сояафкан ҷой доранд — чуқуриҳое, ки нури офтоб ҳеҷ гоҳ ба онҳо намерасад.
Мартин Элвис, астрофизики пешбари CfA ва роҳбари таҳқиқот, гуфт, ки дар кори онҳо «шаҳр» ҳамчун маҳалли зисти 1 миллион нафар муайян шудааст. Барои ҳар як сокин ба ҳисоби миёна 500 тонна об пешбинӣ шудааст.
Бо чунин меъёрҳо, захираи об барои шаҳри дорои 1 миллион аҳолӣ ҳамагӣ дар чанд сол тамом мешуд, агар об дубора истифода нашавад. Аммо ҳатто коркарди дубораи об низ мушкилро пурра ҳал намекунад.
Айни ҳол Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ тақрибан 98 дарсади обро дубора коркард мекунад.
Тибқи ҳисобҳои Элвис, агар 1 миллиард тонна оби моҳтобӣ бо ҳамон самаранокии Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ коркард шавад, шаҳри дорои 1 миллион аҳолӣ метавонад тақрибан 100 сол вуҷуд дошта бошад.
Барои он ки маҳалли зисти инсон дар Моҳ муддати бештар фаъол бошад, эҳтимол шумораи аҳолиро то тақрибан 1 ҳазор нафар маҳдуд кардан лозим мешавад. Яъне, дар ин ҳолат бештар сухан дар бораи як деҳаи хурди моҳтобӣ меравад, на шаҳр.
Агар дар Моҳ коркарди дубораи 99,9 дарсади об имконпазир шавад, пас, тибқи ҳисобҳо, аҳолии 1 миллионнафара дар назария метавонад тақрибан 2 ҳазор сол ба таври устувор зиндагӣ кунад. Ба ин кор чораҳои дигари сарфаи об, аз ҷумла кишоварзии амудӣ, низ мусоидат карда метавонанд.
Дар масъалаи энергия бошад, барои шаҳри моҳтобӣ мушкили ҷиддӣ набояд вуҷуд дошта бошад: энергияи заруриро метавон аз радиатсияи фаровони офтобӣ гирифт.
Дар минтақаҳои қутбҳои Моҳ ба истилоҳ минтақаҳои рӯшноии доимӣ мавҷуданд, ки дар онҳо Офтоб ҳеҷ гоҳ пурра ғуруб намекунад ва дар наздикии уфуқ боқӣ мемонад.
Қаторкӯҳҳои канори кратерҳо дар чунин минтақаҳо аз сатҳи атроф баландтаранд ва барои ҷойгир кардани неругоҳҳои офтобӣ мувофиқанд. Ин дастгоҳҳо метавонанд қариб беист неруи барқ истеҳсол кунанд.
Тибқи таҳқиқот, манораҳои 1-километрае, ки пурра бо панелҳои офтобӣ пӯшонида шуда, дар канори кратерҳо сохта мешаванд, метавонанд ҳар кадом тақрибан 3 гигаватт неруи барқ истеҳсол кунанд. Ин миқдор барои таъмини минтақаҳои истиқоматӣ ва ҳатто корхонаҳои саноатӣ кофӣ хоҳад буд.
Илова бар ин, яке аз маводи асосии панелҳои офтобӣ — кремний — тақрибан 20 дарсади сатҳи Моҳро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, истеҳсоли панелҳоро қисман метавон дар худи Моҳ ба роҳ монд. Баъзе ширкатҳо аллакай мехоҳанд аз чунин имконият истифода баранд.
Ширкати сохтмонии ҷопонии Shimizu Corporation низ имсол нақшаи сохтани камарбанди панелҳои офтобиро дар атрофи экватори Моҳ пешниҳод кард. Ба гуфтаи ширкат, чунин низом метавонад то 13 ҳазор тераватт энергия истеҳсол кунад — бештар аз ҳаҷми умумии истеъмоли имрӯзаи неруи барқ дар рӯи Замин.
Атмосфераи хеле тунуки Моҳ маънои онро дорад, ки истеҳсоли энергияи офтобӣ аз шароити обу ҳаво вобаста нест. Аз ин рӯ, метавон ба ҷараёни нисбатан устувори энергия умед баст.
Ҳамин тавр, ҳарчанд сохтани шаҳри дорои 1 миллион аҳолӣ дар Моҳ ҳанӯз ҳадафи дастнорас ба назар мерасад, барои оғози мустамликакунии ҷиддии Моҳ шояд он қадар дур набошем.
Технологияҳои кунунии таҳқиқотӣ имкон медиҳанд танҳо чанд метр зери сатҳи Моҳ омӯхта шавад. Аммо дар оянда мумкин аст дар қабатҳои амиқтар захираҳои хеле бузургтари ях кашф шаванд.
Мартин Элвис умедвор аст, ки ин таҳқиқот ҳамаи иштирокдорони лоиҳаҳои моҳтобиро водор мекунад, ки масъалаи азхудкунии устувори Моҳ ва пеш аз ҳама, идоракунии дарозмуддати захираҳои обии онро ҷиддӣ баррасӣ кунанд.



